Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар солҳои таҳсили 2021-2022 3000 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии кишвар соҳиби стипендияи Президенти Тоҷикистон гардиданд.
Тавре манбаъ зикр намудааст, бо қарори Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва пешниҳоди хулосаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни стипендияи Президенти кишвар барои соли таҳсили 2021-2022 2950 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 25 нафар донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 25 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дар маҷмӯъ 3000 нафар ҳамчун ғолиби озмуни стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021 – 2022 муайян шуданд, ки давоми нуҳ моҳи соли таҳсил бо стипендияи Президентӣ таъмин мегарданд.
Бояд гуфт, теъдоди стипендияи Президентӣ 3000 адад буда, ҳаҷми маблағи он барои ҳар як гирандаи стипендия дар як моҳи соли таҳсил 500 сомонӣ мебошад.