Тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои глобалии замони муосир ба шумор рафта, боиси дар гўшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тўфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ бинобар боришоти кам ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба масоили тағйирёбии иқлим дахл намуда, иброз доштанд, ки вобаста ба тағйирёбии иқлим, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ва пайомадҳои манфии он барои ҳаёти инсон, олами ҳайвоноту наботот ва пиряхҳои кишвар олимони мо омўзиш, таҳқиқ ва мониторинги доимиро дар ин самтҳо ба роҳ монда, роҳу усулҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро якҷо бо олимони минтақа ва ҷаҳон коркард ва амалӣ намоянд.
Бино ба назари Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси комиссияи экологӣ дар парлумон Фазлиддин Икромӣ баланд шудани ҳарорати миёнаи ҳаво дар сатҳи ҷаҳонӣ нигаронкунанда буда, ишораи он дар Паём бори дигар собит мекунад, ки Президенти кишвар нисбат ба тақдири бошандагони ҷумҳурӣ бетафовут нест. Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки кишвари мо дар миқёси ҷаҳон ва минтақа партови хеле ками газҳои ба муҳит зараррасон дорад, дар ин самт дар радабандии кишварҳои хориҷкунандаи газҳои гулухонаӣ дар мақоми 135 қарор дорад.
Тибқи пажуҳиши коршиносон дар кишварҳои тараққикардаи дунё партовҳо дар як сол ба сари як нафар ба 4 тонна рост меояд. Он дар Тоҷикистон ба ҳар як нафар дар як сол тақрибан 1 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳама камтарин аст. Бо вуҷуди ҳамаи ин Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки бандҳои Созишномаи Парижро дар сатҳи баланд иҷро мекунад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳама он масоиле, ки ба он аз ҷониби Пешвои миллат тавваҷҷуҳ мешавад, албатта дар пайи он ҳали мушкилот садо медиҳад. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси комиссияи экологӣ дар парлумон Фазлиддин Икромӣ мегўяд, ки Президенти кишвар зимни ироаи Паём дар баробари мушкилоти тағйирёбии иқлим, инчунин роҳҳои ҳали масъаларо низ иброз доштанд.
Коршиноси соҳаи кишоварзӣ Маҳмазамон Сулангов, ки тайи чор соли охир ба коркарди илмии зироати тропикӣ дар шарити Тоҷикистон машғул аст мегўяд, ки парвариши баъзе аз растаниҳои тропикӣ аз ҷумла батат ва ё ба ибораи дигар картошкаи ширин дар иқлими мо мусоид ва мувофиқ аст.
Дар ҳамин ҳол сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров боварӣ дорад, ки тақвият додани соҳаи тухмипарварӣ метавонад, пайомади тағйирёбии иқлимро дар соҳаи кишоварзӣ коҳиш бидиҳад. Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки дар ин самт Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём махсус таъкид карданд.
Тағйирёбии иқлим солҳои охир ба таҳдидҳои мавҷуда, ба соҳаи кишоварзӣ, аз қабили захираҳои маҳдуди об, хушксолӣ, биёбоншавӣ, таназзули замин, эрозия, жола, обхезӣ, сармоҳои барвақтӣ ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст. Ҳама он дастуру супоришоте, ки дар ин самт зимни ироаи Паём садо дод, ҷиҳати табдил додани кишвар ба як ҷомеаи тобовар ва устувор ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад.
Ба ибораи дигар амалигардии дастур ва вазифаҳое, ки дар Паём ишора мешавад, аз шартҳои аслӣ ва асосии расидан ба сафои зиндагист, зеро дар меҳвари ин ҳуҷҷати муҳими стратегӣ таҳлили масоили таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар қишри ҷомеа дарҷ гардидааст.
Муродулло Раҳимов
Радиои “Тоҷикистон“