Баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар Душанбе

Дар Душанбе барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал баргузор гардид, хабар дод дафтари матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.

Дар  ярмарка-фурӯши мазкур соҳибкорону фурӯшандагони бозорҳои пойтахт ва дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, равғану биринҷ, шакар, пиёз, картошкаю сабзӣ, макарону тухм, анвои гуногуни ширинӣ, орд ва ғайраро  бо сифати хуб ва нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд.

Гуфта мешавад, ин иқдом бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандон рӯи даст гирифта шудааст.