Бошгоҳи каталонии “Барселона” дар саҳифаи расмиаш аз гузариши ниммуҳофизатгари дастаи “Манчестер Сити” ва тими мунтахаби Испания, Ферран Торрес хабар дод.
“Барселона” эълон кард, ки бо “Манчестер Сити” дар бораи интиқоли нимҳимоятгар Ферран Торрес шартнома баст. Қарордод миёни бозингари 21-сола бо бошгоҳи испанӣ то 30-июни соли 2027 ба имзо расидааст. Ҷуброни товони футболбоз 1-миллиард евроро ташкил медиҳад.
Муаррифии Торрес ҳамчун футболбози “Барселона” рӯзи душанбе 3-январ дар “Камп-ноу” баргузор мешавад. Хабар дода шуд, ки “Барселона” барои Торрес 55-миллион евро пардохт мекунад, 10-миллиони дигарро “Манчестер Сити” метавонад дар шакли бонус ба даст биёрад.
Ферран Торрес дар мавсими 2021/22 бо либосҳои “Манчестер Сити”, дар 7-бозӣ иштирок намуда, ба задани 3 гол даст ёфтааст.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”