Риояи агротехникаи парвариш-омили ҳосили баланд

Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷаҳониён ҳамчун кишвари меваҳои шаҳдбор, гулу гиёҳҳои табобатӣ шинохтанд. Барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳи боғот дар фаслҳои тирамоҳу зимистон гузаронидани як қатор корҳои агротехникӣ  ба манфиат аст. Маҳз риояи агротехникаи парвариш ба нобуд кардани ҳашароти зараррасон, зиёд намудани захираи намии замин, эмин доштани гулҳои дарахтон аз хуникиҳои аввали баҳор мусоидат мекунад. Ҳамсуҳбати мо боғпарвари собиқадор аз шаҳри Ҳисор Рустам Бобиев бурридани навдаҳои хушкшуда ва ба шаклдарории шохҳои дарахтонро яке аз тадбирҳои асосӣ дар ҳамин шабу рўз медонад. Ҳамзамон ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки ғизонокии замини боғҳо ва таъминот бо нурии минералӣ дар серҳосилии боғҳо нақши муҳим дорад.

Ҳамсуҳбати дигари мо Фирўз Баротов – номзади илмҳои кишоварзӣ аз Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ боварӣ дорад, ки шудгори тирамоҳии замини байни қаторҳои боғ, баъдан мубориза бар зидди ҳашароти зарарасон нофеъ аст.

Бурридани навдаҳои касал ва хушкшуда дар фаслҳои тирамоҳу зимистон яке аз омилҳоест, ки барои устувории дарахтон нақши бориз дорад. Аммо дар ҳамин шабу рўз ба шаклдарории токи ангурро Фирўз Баротов – номзади илмҳои кишоварзӣ тавсия намедиҳад.  

Бино ба боварии коршиносон додани меъёри муқарраршудаи нуриҳои минералӣ ва органикӣ ҳосилнокиро баланд мебардорад, дар хок миқдори зарури элементҳои ғизоӣ таъмин мегардад. Фирўз Баротов – номзади илмҳои кишоварзӣ мегўяд, ки се намуди нурӣ мавҷуд аст, бояд барои ба даст овардани ҳосили баланд ва таъмини хушсифатии меваҳо онҳо тибқи меъёр истифода шаванд.

Риояи корҳои агротехникии парвариши боғот дар дилхоҳ мавсим метавонад, боиси ба даст овардани ҳосили баланду дилхоҳ гардад. Ба ақидаи ҳамсуҳбати мо Рустам Бобиев- кишоварзи собиқадор аз шаҳри Ҳисор, ки нафақаи рўзгорашро аз ҳамин ҳисоб таъмин менамояд даромади молии худро боло бардошта, зиндагии шоистаро соҳиб бошад. Гузашта аз ин парвариши дарахтони мевадиҳанда ва фурӯши маҳсулоти онҳо дар бозорҳои минтақавӣ ва берун аз он имкон медиҳад, то ҷойҳои корӣ пайдо шуда, буҷаи хонавода ғанӣ гашта, бадин васила сатҳи зисти мардум боло равад.

Муродулло Раҳимов,

Радиои Тоҷикистон