Дирӯз Конгресси 6-уми байналмилалии мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ ба кори худ шуруъ кард, ки намояндагону мутахассисони соҳа ба таври маҷозӣ дар кори он иштирок менамоянд, хабар медиҳад сомонаи вазорати фарҳанг.
Мавзуи асосии Конгресси мазкур ворид гардидани лоиҳаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим буда, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии Гузаргоҳи “Зарафшон-Қароқум”, “Фарғона-Сирдарё” ва “Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим” мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Конгресс сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев Шералӣ иштирок мекунад.
Хотиррасон мешавем, ки Конгресси 6-уми байналмилалии мероси ҷаҳонии кишварҳои ИДМ имрӯз, 2 декабр низ ба кори худ идома медиҳад.