Барселонаро имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст

Аз оғози мавсим Барселона ба мушкилиҳои пайи ҳам рӯ ба рӯ гардид, ки ҳатто сарвони даста Леонел Месси бошгоҳро бо ПСЖ-и Фаронса иваз кард. Нокомиҳои пай дар пай роҳбарияти дастаро маҷбур сохт, ки сармураббии даста Роналд Куманро аз вазифааш сабукдӯш намоянд.

Ҳоло роҳбарии дастаро собиқ бозингари тими мунтахаби Испания ва бошгоҳи Барселона Хави Эрнандес бар ӯҳда дорад. Зикр кардан ба маврид аст, ки Барселона ва Хавиро имтиҳони ҷиддӣ дар пеш аст.

Бошгоҳи каталонӣ 9-декабр дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Аврупо, дар сафар муқобили Бавария рақобат мекунад. Дар сурати пирӯзӣ ин даста метавонад, роҳхати даври 1/8 финали Лигаи Қаҳрамонҳоро соҳиб гардад. Барселона агар дар ин бозӣ мағлуб гардаду бошгоҳи Бенфикаи Португалия тавонад Динамо Киевро шикаст диҳад, он вақт Хави бо дастааш муҳимтарин мусобиқаи футболиро тарк мекунад.

Сарвони даста Жеррард Пике ва ҳатто Президенти бошгоҳ Лапорта боварии комил доранд, ки дар ин рақобат дастаи шаҳри Мюхенро ноком карда, роҳхати даври плей-оффро соҳиб мешаванд. Бавария бо касби 15-имтиёз дар садри гурӯҳи Е қарор дорад. Барселона бошад, бо 7-имтиёз дар ҷойи дуюм ва Бенфика бо 5-имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгиранд. Динамо Киев бошад, бо 1-хол зинаи поёнии гурӯҳро марбути номи худ кардааст.