30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021” ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки барои тақвият бахшидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҳукумати кишвар як қатор имтиёзҳои тарифию андозӣ пешниҳод гардид. Дар асоси кодексҳои андоз, гумрук ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” барои соҳаи кишоварзӣ 14 имтиёзи фискалӣ пешбинӣ шудааст, ки ин зиёда аз 13 фоизи шумораи умумии имтиёзҳои давлатиро дар бар мегирад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, воридоти сармояи умумии хориҷӣ ба соҳа дар соли 2020 афзоиш ёфта, он нисбат ба соли 2019 16, 9 миллион доллари америкоӣ зиёд гардид. Дар соли 2020 воридшавии сармоягузории мустақим дар соҳаҳои парвариши зироат, сабзавоткорӣ, боғпарварӣ 11,3 миллион доллари америкоӣ ва парвариши паранда 285 ҳазор доллари америкоиро ташкил дод.
Дар баробари ин дар давоми солҳои 2019-2021 барои рушди соҳаи кишоварзӣ аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ 74, 5 миллион сомонӣ ва тариқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии хориҷӣ 66,7 миллион доллари америкоӣ равона гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорати кишоварзӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки барои иҷрои пурраву самараноки нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд.
Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоқикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кумаки башардӯстонаи байналмилалӣ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Барномаи рушди китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027, Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Дар бораи Комиссия оид ба назорати содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Тартиби назорати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва Дар бораи Тартиби танзими давлатии ташаккули захираи ашёи хом ва таъмини корхонаҳои коркард бо маҳсулоти кишоварзӣ муҳокима гардида, ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Дар охири кори маҷлиси Ҳукумати кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳои маҷлиси навбатӣ, дастурҳои қаблии Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат додашуда, иҷрои босифати нақшаи даромади буҷети давлатӣ, таъмини нақшаи корҳои ободонӣ, вусъати корҳои кишти тирамоҳӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ, ҷамъоварӣ ва захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва корҳои созандагӣ, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.