Кодекси андоз дар таҳрири нав рӯнамоӣ гардид

Имруз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии Кодекси андоз дар таҳрири нав бо иштироки роҳбарият ва кормандони кумитаву вазорат  ва корхонаҳои ҷумҳурӣ доир гардид.   

Сараввал муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нарзулло Маликзода оид ба навгониҳои Кодекси андоз сухан гуфт. Сипас,  номзади илмхои иќтисодӣ Собир Вазиров кодекси андоз дар таҳрири навро дар шакли рўнамоӣ ба иштирокдорон муаррифӣ намуд. Таъкид карда шуд, ки дар қонуни нав андоз аз арзиши иловашуда  аз 18% то 15%,андоз аз шахсони ҳуқуқӣ аз 23% то 20% кам шудааст. Ҳамчунин меъёри андоз нисбат ба даромадҳои дигари шахсони воқеӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ҷойи кори дувум, ба иҷора додани молу мулк ва хидматрасониҳо, ба андозаи 2 дарсад, яъне аз 13 дарсади пешина то 15 дарсад, зиёд карда шудааст.

 Дар охири ҷамъомад намояндагони вазорату идораҳо ба масъулин суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххасро гирифтанд.              

Ёдовар мешавем, Лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони сатҳи байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва доираи бахши хусусӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия карда шудааст. Ҷиҳати такмил ва мукаммалгардонии лоиҳаи мазкур ҳар як шаҳрванд имкон дошт, то таклифҳои худро ирсол намояд.

                         Шоистаи Аҳмад

                               Радиои “Тоҷикистон”

.