Гиромидошт: Дар Панҷакент нимпайкараи Аълохон Афсаҳзод гузошта шуд

Акс аз сомонаи sugd.tj

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент ба хотири пос доштани заҳматҳои донишманд, адабиётшинос ва ҷомеашиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод нимапайкараи ӯ гузошта шудааст.

Ба ин маълумоти манбаъ ин иқдом бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ сурат гирифта, нимпайкараи ин олими номвар дар назди МТМУ №64 деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ворӯ мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд.

Аълохон Афсаҳзод 10 ноябри соли 1935 дар деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шуда, аз соли 1961, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми ҷумҳурӣ ба фаъолияти илмӣ пардохта, аз соли 1972 то охири умр мудирии бахши матншиносии пажӯҳишгоҳи номбурдаро бар уҳда дошт.

Пиромуни ҷанбаву масъалаҳои умдаи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, бунёду меъёри илмии матншиносии кунунӣ, дастовардҳои суханварони шӯравии тоҷик, ҳусну қубҳи осори театру драматургияи миллӣ, раванди равобити адабию фарҳангӣ ва падидаҳои назарраси адабиёти ҳамзамони ҳамзабонон бештар аз 800 асару мақолаи илмиву оммавӣ нигоштааст.

Беҳтарин навиштаҳои Аълохон Афсаҳзод оид ба театру мусиқӣ ва арбобони ҳунари миллӣ дар маҷмӯаи «Зиндагӣ дар саҳна» (1985) гирдоварӣ шуда, дар онҳо масоили ҳассоси ҳунари имрӯзаи тоҷик мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифтаанд.

Доираи пажӯҳиши илмии Аълохон Афсаҳзод пурдомана бошад ҳам, дар таҳқиқи мушкилиҳои таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ва нашри осори фарҳангу тамаддуни гузашта саҳми бештару пурсамартаре дорад.

Дар рисолаҳои тадқиқотии ӯ «Ҳофизи Шерозӣ»  (1971), «Камоли   Хуҷандӣ» (1976), «Ифтихори Шарқ» (1978), «Низомии Ганҷавӣ» (1995), «Камоли Хуҷандӣ – устоди ғазал» (1996), «Одамушшуаро Рӯдакӣ» (2003, 2008) ва ғ., кутуби илмию оммавии «Ҳофизнома» (1971),       «Абдураҳмони       Ҷомӣ»      (1978), «Академик Абдулғанӣ Мирзоев» (1984), куросаҳои       «Пайванди      қарнҳо»     (1989), «Суннатҳои устувор ва навпардозиҳои эчодкор» (1989) умдатарин масъалаҳои рушду таҳаввули шеъри гузаштаи форсӣ, барҷастатарин симоҳои адабиёти классикӣ ва хадамоти шоистатарин муҳаққиқини кунунӣ ҳаллу фасли ҷиддӣ ёфта, маҷмӯаҳои  «Дар сафи бузургон» (1986) ва «Корвони сухан» (1994) аз чеҳраҳои эҷодии Устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ фароҳам омадаанд.

Ва ин ҳама навиштаҳои ӯ мабнӣ бар маводу мадорики фаровоне буда, фикру зикри тоза ва хулосаҳои ҷиддии илмиро пешниҳод мекунанд.

Аълохон Афсаҳзод аз соли 1963 то дами вопасини ҳаёташ ба таҳқиқу баррасии аҳволу омол ва нашру тадқиқи осори суханвари бузурги форсу тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ машғул буда, камтар олиме дар чунин муддати тӯлонӣ ва мақсадноку ҳадафгир аз пайи пажӯҳиши ҳаёту эҷоди адибе пардохтааст.