Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия

25 ноябри соли 2021 гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров баргузор гардид, хабар медиҳад сомонаи вазорати корҳои хориҷӣ.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд ва доир ба баъзе масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо тамаркуз ба иҷрои карорҳои ҷаласаи Душанбегии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД табодули афкор намуданд.

Мусоҳибон қазияеро, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Федератсияи Россия рух додаааст, ки дар ҷараёни он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта шудаанд, муфассал баррасӣ карданд. С.Мухриддин таваҷҷуҳи С.Лавровро ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва ҷазои гунаҳкорони ҷиноят ҷалб кард. Вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия қарор диҳанд.

Суҳбат дар руҳияи созандаи корӣ баргузор гардид.