“Ҷумҳурият”: Тоҷикистон дар тақвияти ҳамкориҳо миёни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо нақши меҳварӣ дорад (шарҳи матбуот)

 Натиҷаҳои нишасти навбатии вазирони кишварҳои Осиёи марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе, тасвиби буҷаи давлатӣ барои соли 2022 дар Маҷлиси Намояндагон, тасмими шаҳрдории Душанбе барои ҳифзи хона-музейи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, тавзеҳи муқаррароти Кодекси нави андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нигаронӣ аз вазъияти ногувори роҳҳои мошингард дар бархе навоҳии вилояти Хатлон аз муҳимтарин мавзуҳои нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 ноябр зимни натиҷагирӣ аз нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе навишт, ки вазъи Афғонистон яке аз мавзуъҳои калидӣ дар ин нишаст буд ва ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади кишварҳои минтақа бо Афғонистон ва тақвияти неруҳои марзбонӣ талошҳои муштараки тарафҳо ба манфиати кор хоҳад буд. 

Ҳамзамон дар ин нишаст таъкид шуд, ки ҳоло Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ки барои мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Тоҷикистон 1 миллиард евро ҷудо намояд. Дар баробари ин Иттиҳоди Аврупо дар доираи шарикии дуҷониба дар 4 соли оянда ба Тоҷикистон 91 миллион евро ҷудо хоҳад кард.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 25 ноябр хабар медиҳад, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси Намояндагон лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 — 2024 баррасӣ ва тасвиб шуд.

Нашрия менависад, ки ҳаҷми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022-юм 33,0 млрд. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки дар муқоиса бо буҷети соли 2021 ба маблағи 5,3 млрд. сомонӣ ё 19,4 фоиз зиёд мебошад. Инчунин суръати рушди иқтисод дар соли оянда 7,9 фоиз ва ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 103,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисабти соли 2021  11,2 млрд. сомонӣ зиёд аст.

Гуфта мешавад, ки чун солҳои қаблӣ хусусияти иҷтимоии хароҷоти буҷети давлатӣ нигоҳ дошта шуда, барои маблағгузории ин соҳа 14,7 млрд. сомонӣ равона мегардад, ки ин 43,8 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 25 ноябр дар сармақолаи худ бо номи “Андозҳои нав” ба баррасии муқаррароти Кодекси нави андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтааст, ки аз оғози соли нави 2022 мавриди амал қарор мегирад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, дар Кодекси нави андоз низоми андозбандии бонкдории исломӣ дарҷ шудааст, ки муқаррароти нав дар андозбандии кишвар маҳсуб мешавад.

Инчунин дар Кодекси нав шумораи андозҳои ҷумҳуриявӣ аз 8 то 6 адад коҳиш дода шуда, меъёри андоз бар арзиши иловашуда аз 18% ба 15% кам карда мешавад.  Дар баробари ин барои андозсупорандагоне, ки амалиётҳои молиявиро ба таври ғайринақдӣ анҷом медиҳанд имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигари ин шумораи хеш навиштааст, ки тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 5 млрд. долларро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта 32,6% зиёд аст.  Аз ҷумла содирот дар ин муддат 1.6 млрд. долларро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 33.6% бештар аст. Ҳамзамон воридоти молу маҳсулот низ ба маблағи 3.3 млрд. доллар афзоиши 32.1%-ро нишон медиҳад.

Бо ин вуҷуд тавозуни тиҷорати хориҷии Тоҷикистон манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми воридот нисбати содирот 1.7 млрд. доллар бештар аст. Гуфта мешавад, ба панҷгонаи аввали шарикони тиҷоратии Тоҷикистон Русия, Қазоқистон, Швейтсария, Чин ва Ӯзбекистон шомил ҳастанд.

Ҳафтаномаи “СССР”  дар шумораи рӯзи 25 дар вокуниш ба тасмими шаҳрдории пойтахти кишвар барои ҳифзи хона-музейи устод Айнӣ, дар саҳфаи аввали хеш навишт “Рустами Эмомалӣ Айниро наҷот дод!!!”.

Ба навишати сардабири нашрия, шаҳрдори ҷавон аз моҷаро огоҳ шуда, дасти сарватмандонро аз хона-музейи устод Айнӣ буррид… Дар баробари ин муаллиф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар давоми ду ҳафтаи ин моҷаро  кам касе пайдо шуд, ки бигӯяд дар ин муддат аз хона-музейи устод Айнӣ боздид кард.

Ҳафтаномаи “Фараж”  низ дар шумораи рӯзи 24 ноябр ба моҷаро атрофи хона-музейи устод Айнӣ таваҷҷуҳ карда, дар равзанаи сардабир дар саҳфаи аввали нашрия матлабе бо номи “БОБо” чоп кардааст.

Муаллиф дар ин матлаб аз вокуниши зиёиёни шинохтаи кишвар барои ҳифзи хона-музейи устод Айнӣ дар шаҳри Душанбе ситоиш карда, ҳамзамон аз мавқеъгирии Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба ин масъала интиқод кардааст. Ба навиштаи сардабири нашрия,  Фарҳод Раҳимӣ зимни изҳороти расмӣ ғайримустақим аз тахриби хона-музейи устод Айнӣ дар шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ кардааст.

Нашрияи “Фараж” дар мақолаи дигари ин шумораи худ, аз ҳолати ногувори роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархори вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кардааст.

Муаллиф аз қавли масъулини Муассисаи нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Восеъ навиштааст, ки дар мувозинати ин муассиса 166 км. роҳҳои маҳалӣ аст, ки 70 дарсади он ба таъмири куллӣ ниёз доранд.

Инчунин дар ҳудуди ноҳия 48 пули мошингузар мавҷуд аст, ки 6-тои он дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 40 адади дигар ба таъмиру бозсозӣ ниёз доранд.  Муаллиф  дар идома афзудааст, ки ҳолати мушобеҳ дар роҳҳои мошингарди маҳаллӣ дар ноҳияи Фархор низ мушоҳида мешавад, ки 40% роҳҳои маҳалии ин ноҳия ба таъмиру бозсозӣ ниёз доранд.

Дар ҳамин ҳол аз Идораи роҳҳои мошингарди минтақаи Кӯлоб иттилоъ додаанд, ки дар 9 моҳи соли 2021 аз буҷетҳои маҳалии шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб барои таъмиру нигаҳдории роҳҳои маҳаллӣ ҳамагӣ 725 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 711 ҳазор сомонӣ камтар аст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 24 ноябр дар саҳфаи аввали хеш навиштааст, ки “Теппаи-Қурғон” маъруфтарин  иншооти таърихии шаҳри Бохтар дар ҳоли фурӯ рафтан аст. Сафарбек Одинаев, мудири осорхонаи “Бибихонум” воқеъ дар болои “Теппаи-Қурғон” ба нашрия гуфтааст, ки ду моҳ боз ба далели садамавӣ арзёбӣ шудани бино дари осорхона баста аст.

Муаллиф дар идома навиштааст, ки “Теппаи-Қурғон”, ки  муҳимтарин мавзеъ барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ маҳсуб мешавад, мутаассифона вақтҳои охир қисмати болоии он дар ҳоли фурӯ рафтан аст. Ба ҳисоби мутахассисон барои бозсозии иншооти “Теппаи-Қурғон” дар шаҳри Бохтар наздики 50 млн. сомонӣ зарур аст, аммо буҷети вилояти Хатлон имкони маблағгузорӣ дар ин тарҳро надорад.