МЕҲРГОН – ИДИ ДЕҲҚОН ВА РАМЗИ ФАРОВОНӢ

Санаи 17-октябри соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои бандҳои 15, 16 ва 17-и Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмуни анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2020, №АП-1332 тасдиқ шудааст, соати 0900 дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон, фестивалҳои намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷро баргузор менамояд.

Чун мо дар остонаи яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллӣ-ҷашни воқеии марди деҳқон-Меҳргон қарор дорем, тасмим гирифтем, ки матолиби навбатиро ба ин иди марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодӣ  ихтисос бидиҳем.

Ҷашни Меҳргон  дар дар баробари Садаву Наврўз ва Тиргон аз ҷашнҳои таърихиест, ки ҳанўз ҳазорсолаҳо муқаддам ниёи мо таҷлил менамуданд. Бо гузашти айём ин ҷашни бостонӣ, ки рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон ба ҳисоб меравад, ки муддате аз мади назари ҷомеа дар канор буд. Саидҷамол Саидзода доктори илмҳои кишоварзӣ мегўяд, ки баробари ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва бевосита бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон аз нав эҳё гардид.

Дар ҳамин ҳол пажуҳишгар  Абдуфаттоҳ Аминов   мегўяд, ки  ҷашни Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ дар оғози моҳи меҳр, ҷашн гирифта мешавад. Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки Меҳргон низ чун Наврўз вижагиҳои худро дорад. 

Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагон онро ҳамчун  иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи марди деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат ва меҳру садоқат медонанд. Фолклоршинос  Абдуфаттоҳ Аминов   мегўяд, ки  ҷашни Меҳргон бемуҳобо ҷашни дўстист, зеро рамзҳои ин ҷашн ба рафоқат далолат мекунад.

Воқеан ҳам ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукўҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Доктори илмҳои кишоварзӣ аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Муҳаммадёр Сардоров оғози ҷашни  Наврўзро ба бедоршавии табиат ва Меҳргонро  рамзи тирамоҳи зарнисор ва  айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон медонад ва  мегўяд, ки Истиқлоли кишвар ба ин оини бостон умри дубора бахшид.

Аз мушоҳидаҳои солҳои охир бармеояд, ки амалӣ намудани чорабиниҳои марбут ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, мусоидат мекунад.

Пас бемуҳобо метавон гуфт, ки имрўз Меҳргон ба ҷашни кишоварзон, ҷашни ҳосилу фаровонии неъмати деҳқонӣ, баракати рўзгор ва хушии  мардуми фарҳангсиришту заҳматпешаи Тоҷикистон табдил гардидааст.

Муродулло Раҳимов

радиои “Тоҷикистон”