“Зулм гуноҳи азим аст. Дар дунё ҳеҷ зулм ва ситам ба мардум ба ягон давлат оромӣ намеорад. Баръакс, касратӣ, касофатӣ, нокомӣ, бадбахтӣ ва рӯсиёҳӣ меорад”- гуфтааст Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам АБДУЛҚОДИРЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Саидмукаррам Абдулқодирзода иброз намуд, ки дар дини мубини Ислом дар сулҳу рифоҳ ва иттифоқ зистани мардум ҳамчун арзиши беҳтарин ситоиш мешавад. Зеро Ислом раҳму шафқат ва бародарӣ аст. Аммо ин гурӯҳ-ҳаракати террористии «Толибон» имрӯз худро давлати исломӣ гуфта, занону кӯдакон ва бародаронро қурбонӣ мекунанд, ки ин гуна хабарҳо ҳар рӯз тавассути ВАО пахш мешаванд. Яъне ин рафтори инҳо маънои онро дорад, ки инҳо аз Ислом, гуфтаҳои исломӣ, мусалмонӣ, раҳму шафқат ва бародарӣ хеле дур мебошанд.
«Пеш аз он ки ёрони Пайёмбар (с.а.в) ба ҷанг мерафтанд, он кас ба ёронашон таъкид мекарданд, ки «дарахтонро набуред, ба оне, ки силоҳашро ба замин гузошта, таслим шуд, озор нарасонед, занону кӯдаконро накушед ва ҳатто роҳибону диндоронеро, ки ғайримусалмон ҳам бошанд, ба қатл нарасонед. Ин ҳама раҳму шафқати мусалмонӣ ва қоидаҳои исломӣ имрӯз дар симои толибон дида намешаванд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи мавсуф, агар мо таърихи гузаштаи толибон ва таърихи чандрӯзаи онҳоро ба назар гирем, мебинем, ки онҳо дар оянда ҳам ба Афғонистон ва ҳам ба тамоми давлатҳои дуру наздик хатари ҷиддӣ доранд.
«Дини мубини Ислом нагуфтааст, ки зан-модарро дар назди оммаи мардум шаллоқ занед. Ё он ки занеро, ки соҳиби кӯдакони худрсол мебошад, толибон барои аз хона баромаданаш иҷозат намедиҳанд. Пас агар ин зан кор накунад, фарзандонаш аз гуруснагӣ намемиранд? Ин Ислом нест, балки Ислом дини раҳму шафқату меҳрубонӣ аст. Агар инҳо Исломи асосиро нишон медоданд, тамоми олам қабулашон мекард ва давлаташонро ба расмият мешинохтанд. Исломи воқеӣ- ин саодати инсонист. Толибон аз номи Ислом корҳои касиф намуда, ин дини муқаддасро доғдор карданиянд»,- гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Мавсуф ҳамчунин таъкид дошт, ки «ман дар ҳайратам, ки ин кори толибон аз бесаводӣ бошад ё ҷаҳлу нодонӣ. Наход дар байни ин одамон ягон нафари босаводе набошад, ки онҳоро роҳнамоӣ намояд, ки дар ин маврид шариат чӣ мегӯяд ё Ислом чӣ мегӯяд. Коре, ки имрӯз толибон мекунанд, ин Ислом нест. Ҳукумате, ки золим аст, поянда нест. Танҳо ҳукумати одил поянда мебошад».
Манбаъ: АМИТ “Ховар”