Машқҳои навбатии СААД моҳи октябр дар Тоҷикистон, дар наздикии марз бо Афғонистон баргузор мешаванд.
Тавре АМИТ Sputnik хабар медиҳад, Сардори ситоди муттаҳидаи ин созмон Анатолий Сидоров гуфт, «ба ҷуз аз неруҳои дастҷамъии мустақими ҷойгиркунӣ, мо неруҳои вокуниши сареъ дорем — ин ҷузъи боз ҳам тавонотари Созмони мост. Бо ӯ мо танҳо моҳи октябр дар ҳарбмайдонҳои Тоҷикистон- дар наздикии марз бо Афғонистон машқҳо мегузаронем, афзуд ӯ. Дар майдони машқи низомии Эделвейс дар соҳилҳои Иссиқкӯл дар Қирғизистон марҳилаи фаъоли машқҳои муштараки неруҳои дастҷамъонаи ҷойгиркунии минтақаи Осиёи Марказӣ ва амнияти дастҷамъонаи СААД- «Рубеж-2021» /Марз-2021/ гузаронида шуд. Дар ҷараёни машқҳо иштирокчиён амалиёти муштараки зиддитеррористӣ гузарониданд ва амалан масъалаи гузаронидани амалиёти ҷангиро барои несту нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба қаламрави як кишвари шартии узви СААД ҳуҷум карданд, коркард намуданд.
Дар машқи «Рубеж-2021» ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва гурӯҳҳои зудамали Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Қаблан Созмон вазъи номусоидро дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон эълон карда буд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл СААД, ки соли равон Тоҷикистон раёсати онро ба уҳда дорад, баргузории машқҳоро бо иштироки якчанд ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ эълон дошта буд. Қобили зикр аст, ки моҳи август машқҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон, дар километри 20-уми сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар пасманзари тезу тунд шудани вазъият дар Афгонистон баршгузор гарлида буд.