Яҳё Гулмуҳаммадӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки омода аст, ки пешниҳоди ФТФ -ро баррасӣ кунад, агар он пешкаш шавад.
Ба ин манзур мсрмураббии тими “Персеполис” -и Эрон Яҳё Гулмуҳаммадӣ метавонад мураббии тими миллии футболи Тоҷикистон шавад.
“Ҳоло ман мураббии “Персеполис” ҳастам, бо даста як соли дигар шартнома дорам. Агар ба ман пешниҳоди ҷиддӣ барои роҳбарияти тими миллии Тоҷикистон расад, ман омодаам онро баррасӣ кунам”, – гуфтааст Гулмуҳаммадӣ.
Санаи 14 сентябр дар Душанбе “Персеполис” дар даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо “Истиқлол” вомехӯрад.
Эҳтимол аст, ки он вақт, Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Гулмуҳаммадӣ мақоми мураббии тими миллиро пешниҳод кунад. Мураббии собиқи даста Усмон Тошев бинобар ба охир расидани шартномааш дар нимаи моҳи май аз вазифааш канор рафт ва ба бошгоҳи “Нурафшон” (“Бухоро”) -и Ӯзбекистон гузашт.
Аз рафтани Тошев қариб шаш моҳ гузашт ва тими миллӣ то ҳол мураббии нав пайдо накардааст.