Нақшаи вакситантия дар Душанбе 91,7% иҷро гардид

Маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе 91,7% иҷро гардидааст. Дар ин бора  Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷараён дошта, то шоми 31 август  2 миллиону 9 ҳазору 748 нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 798 ҳазору 308 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Мавриди ёдоварист, ки аз давраи хуруҷи бемории коронавируси COVID-19  4 миллиону 760 ҳазору 740 воя ваксина бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба бемории болозикр вориди қаламрави кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд.

Ба ҳолати 31 август 34,5% аҳолӣ ба ваксинатсия зидди бемории коронавирус фаро гирифта шуда, корҳои амалӣ дар ин самт бомаром идома доранд.

Имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории коронавирус сипосгузоранд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.