Равзанаи гузариши тобистонаи футболистон ба охир расид. Дар ин мавсим аз бештар тими «ПСЖ» ҳайаташро пузӯр кард. Аммо дар баробари ин даста дигар дастаҳои Испанияву Италия ва Англия барои мавсими нав ба ҳайаташон пурқудрат карданд. Дастаи «Барселона» бошад, дар ду соли охир се ҳамлагари асосии худ, Луис Суарес, Антуан Гризман ва Леонел Мессиро аз даст дод.
Чаро инҳо аз даста рафтанд? Омили асоси ин муфлис шудани даста аст ё роҳбарияти тим мехоҳад, ки бозингарони аз инҳо ҳам «беҳтар»-ро ба дастааш љалб созад? Љойгузини ин се ҳамлагар дар дастаи «Барселона» киҳо шуданд ва онҳо дар ин мавсим барои дастаашон чи кор карда метавонанд? Мебши Депай аз дастаи «Лион», Серхио Агуеро аз тими «Манчестер Сити», Эмирсон Роял аз «Бетис», Юсуф Демир аз «Рапид Вена» ва чандин футболбозони дигар ба дастаи «Барселона» омаданд. Зоҳиран барои Роналд Куман сармурабии дастаи «Барселона» ин мавсим хеле душвор хоҳад буд.
Айни ҳол шогиирдони Роналд Куман баъди се даври мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол дар зинаи 4-ум қарор дорад. Аксар футболдонҳо сари он баҳс доранд, ки дар ин мавсим дастаи «Барселона» дар мусобиқаи Ла Лига дар чоргонаи беҳтаринҳо монданаш зери суол аст. Роҳбариятии даста низ эълон дошта буд, ки вазъи молиявии тим хуб нест. Ҳамзамон расонаҳои варзиши хабар дода буданд, ки барои беҳтар кардани вазъи молияви даста аз бонк қарз гирифтааст.Хати нимҳимоя ва ҳимояи дастаи «Барселона» гарчанде ягон тағироти љидди нашуда бошад, ҳам, аммо ба ғайр аз Пике боз киро метавон гуфт, ки сутуни Барселона ҳаст. Дар чор бозии охирон дастаи «Барселона» ба дарвозааш 4 гол сард дод. Ин гувоҳи он аст, ки хати дифоъ он қадар устувор нест. Дар хусуси он, ки дастаи «Барселона»-ро дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонои Аврупои имсола чи мунтазаир аст? Дар чанд соли охир ин даста то даврии чоряк ниҳои мусобиқа меравад. Аз ин боло бароии интим бо бузургтарин бозингарон аз қабили Месиву,Суарес ва Гризман ғаийриимкон гашта буд. Дар ин мавсим дар бораи ин мусобиқа, ки тими «Барселона» чӣ гунна фаъолият мекунад суол аст! Дар замоне, ки дар дастаи мазкур Месиву, Суарес ва Гризман фаъолият мекарданд, онҳо дар аксар бозиҳо пирўз мегардиданд. Аксар шоҳид ҳастанд, ки инҳо дар майдон чигуна бозӣ мекарданд. Дар ин мавсим Гризман бо Суарес дар дастаи «Атлетико» бозӣ мекунад. Леонел Месси бошад дар дастаи «ПСЖ» бо собиқ ҳамдастааш Неймар ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Мунтазир хоҳем шуд, ки Роналд Куман бо шогирдонаш дар мавсими ҷадид ба чи ноил хоҳанд шуд.
Равзанаи гузариши футболбозон дар мавсими имсола ба охир расид. Ҳамасола ин мавсим дар қораи Аврупо аз моҳи июн оғоз гашта то 31-уми август идома меёбад. Дар рўзи охирони равзанаи гузариши футболбозон ҳамлагри дастаи «Барселона» Антуан Гризман низ дастаашро тарк кард. Акнун тақдири тими «Барселона» баъди рафтани Месиву Гризман чи хоҳад шуд?
Саъдӣ Ғоибов
Радиои “Тоҷикистон”