Дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуданд. Дар ин бора, Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Бояд гуфт, ки 6 август дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ширкат варзиданд.
Роҳбарони давлатҳо аҳамияти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, маҷмуи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркманистон барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баландӣ вохӯрӣ изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуданд, ки “мо ба ҳамкории зич дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияи муосир, дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, нақлиёт ва амнияти энергетикӣ омода ҳастем”.