Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб аз номи соҳибкорону сокинони тоҷики муқими Новгороди Федератсияи Россия б20 тонна сементи аълосифат тақсим карда шуд.
Тавре сомонаи шабакаи “Овози тоҷик” дар такя ба мақомоти шаҳри Кӯлоб менависад, ин кумакҳо ҳамчун ёрии башардӯстона аз номи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамкории бо ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони вилояти Новгород “Шуро” ва дигар ҳамватанон ирсол гардида, 24 750 сомониро ташкил дода, дар назар аст, ки минбаъд низ идома меёбад.
Манбаъ менависад, ки роҳбари ташкилоти болозикр зимни боздид аз минтақаҳои зарардидаи офати табиии шаҳри Кӯлоб ва суҳбат бо сокинони зарардида иброз намуд, ки ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамеша дар пайи мусоидати мушкилоти сокинони кишваранд ва дар ин лаҳзаҳои мушкил кумак намудан ба якдигар рисолати ҷавонмардии ҳар як сокини мамлакат мебошад.