Акс аз сомонаи ВКД
28 июл, тахминан соати 13:30, ҳангоми обшавии пиряхҳои мавзеи Арчакапаи деҳаи Сугати Ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш сатҳи оби дарëи Сурхоб зиëд гардида, як қисмати роҳи калони мошингарди Ваҳдат-Лахш-Қарамиқро вайрон намудааст. Дар натиҷа ҳаракати воситаҳои нақлиëтӣ дар ин мавзеъ қатъ гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Инчунин ҳангоми баландшавии сатҳи оби дарëи Кабутоб 2 пули нақлиëтгузари деҳаи Ëрмазори Ҷамоати деҳоти Янгишаҳрии ноҳияи Лахш корношоям гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиëт дар мавзеи гармчашмаи Тандиқул қатъ гардидааст.
Тавре қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то 31 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои хушк ва гарм боқӣ мемонад. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки дар якчанд минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар баланд шудани ҳарорат омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст.
Ҳамин тавр, 28 июл, тахминан соати 13:30 ба вақти маҳаллӣ, дар кӯҳҳои Сугати ноҳияи Лахш бар асари болоравии ҳарорат як қисми ками пирях канда шуд. Дар натиҷа, пиряхи барфӣ маҷрои дарёи Тугатро баст. Оби аз маҷрои дарё баромада дар километрҳои 249-250-ум қитъаҳои роҳи Вахдат — Лахш — Қирғизистонро зер карда, қисман маҷрои дарёи Сурхобро низ бастааст.
Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Лахш дар якҷоягӣ бо кормандони роҳ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби техникаҳо корҳои тоза кардани қисмати роҳро анҷом доданд. Дар айни замон ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуда, сатҳи оби дарёи Сурхоб назорат карда мешавад. Талафот ва харобӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки сабаби асосии обшавии пиряхҳо тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ мебошад, ки вақтҳои охир дар сайёраи Замин рух медиҳад. Пиряхҳои Тоҷикистон масоҳати 9000 км²-ро фаро гирифтаанд, ки ин қариб 6% масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар тӯли 30 соли охир дар қаламрави кишвари мо тақрибан 1000 пирях об шудаанд, ки ин ба талаф ёфтани сеяки ҳаҷми пиряхҳо баробар аст.
Об шудани калонтарин пиряхи Тоҷикистон- Федченко, ки дарозиаш зиёда аз 75 километр мебошад, тасдиқи равшани ин гуфтаҳост.
Тадқиқот нишон медиҳанд, ки танҳо дар 70-80 соли охир пиряхи Федченко беш аз як километр кам шуда, масоҳати он то 44 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Ғайр аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб коҳиш ёфта, суръати миёнаи нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Ин дуюмин ҳолати серфароӣ дар моҳи ахир аст. Рӯзи 14-уми июн ҳам дар ҳудуди ноҳияи Лахш дар километри 218 – ум шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Ваҳдат –Лахш – сарҳади Қирғизистон зиёда аз 100 метри роҳ бо сабаби баландшавии сатҳи оби дарёи Сурхоб (болооби Вахш) ва омадани сел аз мавзеи Сугат пурра хароб гардида, рафтуомади воситахои нақлиёт ва сокинон қатъ шуда буд.