Ноумедӣ аз нокомӣ: Танҳо муъҷизаро интизор бояд буд

Сўбҳи имрўз як варзишгари дигари тоҷик дар риштаи варзиши муштзанӣ  ва ё худ бокс  Сиёвуш Зуҳуров,  бо Олимпиадаи Тобистонаи Токио 2020 видоъ гуфт. Сиёвуш Зуҳуров Тоҷикистонро дар вазни 91 кг намояндагӣ  карда, дар даври аввал бо варзишгари фаронсавӣ Мурод Алиев рақобат намуда,  дар умум бо ҳисоби 5 бар 0 мувоҷеҳ ба бохт гардид.

Пештар боксчии дигари кишвар Шаббос Негматуллоев низ дар нахўст  рақобаташ шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо дар Олимпиада бенасиб гардида  буд.

   Акнун дар риштаи бокс умеди ягонаи мардуми тоҷик ба Баҳодур Усмонов аст, ки дар даври аввал пирӯз шуда ва ба даври навбатӣ роҳ ёфат буд. Баҳодур Усмонов санаи 31 ин моҳ дар даври дуюм бо боксчии узбек Абдураҳимов Элнур соати 8: 51 ба вақти Душанбе ба майдони мубориза мебароянд. Ба ин варзишгар орзўи муваффақиятро дорем.

Ҳамин тариқ, дар риштаи ҷудо ҳама рақобатҳоро хотима дода   бошанд ҳам, умеди ягонаи Тоҷикистон Темур Раҳимов аст, ки муҳорибаи ӯ рӯзи 30 июл сурат мегирад.  Темур дар даври аввал бо Эндӣ Гранда ҷудокори Куба андари майдон шуда, қувва меозмояд. Бозиҳои олимпии Токио – 2020 то 8 августи соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт. Мардуми тоҷик ташнаи пирузист мо чашм ба раҳи медалҳои олимпӣ нишастаем! Муҳтарам варзишгарон. Бо тайёрии ҷиддӣ ба майдон бароед ва шаъну шарафу шуҳрати варзиши меҳанро ҳифз намоед. Исбот намоед ки мо тоҷикон тавони рақобатро  дорем!!!

Бояд гуфт, ки то кунун варзишгарони аз  ҷумҳурии мардумии Чин 14 медали тиллои бозиҳои олимпӣ ба даст оварда, дар ҷадвал маснаднишинанд.  Мизбонони мусобиқа варзишгарони Ҷопон ва Амрико 13 медалии тиллоии олимпиадаро ба гардан овехтаанд. Дар зиннаи баъди бошад,  Федератсияи Россия қарор дорад, ки варзишгарони ин сарзамин дар умум 7 медали тилло аз Токио ба даст овардаанд.

Зиёвиддин Назаров

Радиои “Тоҷикистон”