Корбари Фейсбук Ташрифулло Саъдуллоев бо гузоштани наворе иттилоъ додааст, ки дар ҳудуди ноҳияи Лахш дар километри 218 – ум шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Ваҳдат –Лахш – сарҳади Қирғизистон зиёда аз 100 метри роҳ бо сабаби баландшавии сатҳи оби дарёи Сурхоб (болооби Вахш) ва омадани сел аз мавзеи Сугат пурра хароб гардида, рафтуомади воситахои нақлиёт ва сокинон қатъ шудааст.
Ба иттилои манбаъ сел соати 3-и шаб омадааст. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш, Хуршед Икромов дар суҳбат бо радиои Тоҷикистон гуфт, ки масъулин барои дигар кардани маҷрои дарё корбарӣ доранд.
Ин ҳодисаи аввалин набуда, солҳои пеш ҳам аз ин мавзеъ чунин офат сар зада, боиси харобиҳо ва харҷу заҳмати мақомоти маҳаллӣ ва сокинон гардида буд. Ба иттилои Ташрифулло Саъдуллоев, бо ин сабаб чанд сол боз бошандагони ҷамоати деҳоти Сугат роҳи нақлиёт надоранду маҳсулоти худро бо хару асп барои фурӯш интиқол медиҳанд. Ҳамзамон, ба иллати набудани роҳ бештар аз 2000 гектар замини кишоварзии мавзеи Сугат самаранок истифода намегардад.