Ёздаҳ нафар варзишгарони шинохтаи тоҷик барои парафшон намудани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июл ба макони Бозиҳои олимпии Токио-2020 сафар мекунанд.
Бозиҳои олимпӣ дар олами варзиш қуллаи баландтарин маҳсуб ёфта, варзишгарон муддати чаҳор сол бо заҳмату талошҳои пайваста ва иштирок дар мусобиқаҳои китъавию ҷаҳонӣ ва ба даст овардани холҳои олимпӣ соҳиби роҳхати ин мусобиқаи сатҳи олӣ мегарданд. Агар ба даст овардани роҳхати олимпӣ бо он ҳама заҳматҳои чорсола як тарафи масъала бошад, сазовор шудан ба медали олимпӣ қаҳрамониест, ки бо шикаст додани чемпионҳои ҷаҳонӣ ба даст меояд. Аз ин ҷост, ки давлатҳои абарқудрат низ ҳамасола талоши зиёд менамоянд, ки варзишгарони худро барои сафарбар намудан ба Бозиҳои олимпӣ омода намудаву медалҳои зинаи аз ҳама баланди варзиширо соҳиб гарданд.
Тайи солҳои охир варзишгарони тоҷик барои роҳхат гирифтану иштирок дар баландтарин мусобиқаҳои варзишӣ талош дошта, хушбахтона, тавонистаанд чандин маротиба медалҳои ин гуна мусобиқаҳоро ба мамлакатамон оранд. Дар Бозиҳои олимпии имсола қарор аст 11 варзишгари муваффақи кишвар шарафи варзиши Ватанро ҳимоя кунанд.