Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки масъулинаш бо Чин дар мавриди дарёфти бастаҳои ваксинаи “Коронавак” гуфтугӯ кардаанд. Ин манбаъ гуфтааст, ки қарор аст ширкати созандаи ин ваксина Sinovac Research & Development Co. Ltd” дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин созишномаи харид ва таҳвили онро пешниҳод кунад. Ин гуфтугӯ дар низоми онлайн рӯзи 13-уми июли соли равон бо ширкати муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва намояндаи ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд зимни суҳбат ҷонибҳо дар мавриди нарх, шарту шароити дастрасӣ, муҳлати интиқоли ваксина ба Тоҷикистон суҳбат намуданд. Дар натиҷа мувофиқа ҳосил шуд, ки ҷониби ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба харидории ваксинаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон лоиҳаи созишнома пешниҳод хоҳад намуд.
Гуфта мешавад, ки маблағи вояҳои ваксинаи мазкур аз ҳисоби Лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» дар доираи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд пардохт карда мешавад.
Маблағи умумии ин Лоиҳа 26,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 25,0 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантиии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) агентии харид интихоб шудааст, харидорӣ ва таҳвили ваксинаҳо ба Тоҷикистон тавассути он идома дода мешавад.
Бино ба гузориши манбаъ дар доираи татбиқи лоиҳа хариди ваксинаҳои зидди COVID-19 дар ҳаҷми 3,4 миллион воя (доза) бо қуттиҳои бехатарӣ ва сӯзандоруҳо, хариди дигар таҷҳизоти тиббӣ, инчунин анҷоми тадбирҳо вобаста ба амалӣ намудани барномаи эмгузаронӣ ва идоракунии лоиҳа пешбинӣ шудааст.