Имсол дар асоси фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 70 нафар хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои гуногуни пурмасъули милитсияи шаҳри Душанбе таъйин гардида, ба фаъолияти корӣ оғоз намуданд. Ба ин муносибат дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мулоқоти сардори Раёсат, генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода бо хатмкунандагони Академияи ВКД ҶТ, ки ба фаъолияти корӣ дар мақомоти корҳои дохилии пойтахт оғоз намудаанд, баргузор гардид.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат хабар дод, зимни вохӯрӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кормандони ҷавонро ба риояи интизоми хизматӣ, қонуният ва иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ, волоияти қонун ва садоқату муҳаббат ба давлату миллати худ даъват намуда, таъкид кард, ки таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа вазифаи пуршарафу пурмасъулият буда, он ба дӯши кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гаштааст.
-Аз ин рӯ аз ҳар нафар корманди милитсия масъулияту сатҳи баланди иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ талаб карда мешавад, — афзуд Шариф Назарзода.
Мавсуф ҳамчунин тазаккур дод, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи донишманду мутахассиси баландихтисос гардонидани ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода, дар ин самт як зумра барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Махсусан бо мақсади бо кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон қабул ва ба роҳ мондани сиёсати кадрии ҷавонон шоистаи таҳсин буда, аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавон дарак медиҳад. Ин аст, ки Президенти мамлакат пайваста зимни суханрониҳои худ ҷавононро ояндаи миллату давлат номида, онҳоро ба омӯзиши илму дониш талқин менамоянд».
Гуфта шуд, ки дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ низ аксари кормандонро мутахассисони ҷавон ташкил дода, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи донишу ҷаҳонбинии онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Воқеан ҳамасола ҷавонони зиёде аз рӯи ихтисосҳои гуногун Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда, дар вазифаҳои пуршарафу пурмасъул ба фаъолияти корӣ шурӯъ мекунанд.
Дар хотимаи мулоқот Шариф Назарзода мутахассисони ҷавонро ба хушмуомилагӣ ва иҷрои сатҳи баланди фаъолияти хизматӣ даъват намуда, таъкид дошт, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбӣ ба омӯзишу такмили илму дониш машғул шаванд.