Гўсфанди ҳисорӣ – зоти махсусгардондашудаи сергўшту серравған буда, тули таърих тавассути селексияи анъанавии халқӣ офарида шудааст. Ин навъ аз ҷиҳати хосиятҳои бебаҳои оламшумули худ, бо сергўштиву серравғаниашон дар байни гўсфандони думбадори ҷаҳон ҳамто надоранд.
Биноба назари Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ Фазлиддин Икромов манбаъҳои таърихии муътамад собит карданд, ки пайдоиши ин зот ба минтақаи водии Ҳисори зарнисор рабт дорад. Зимни суҳбат ин чеҳраи саршиноси соҳа иброз дошт, ки ҳанўз соли 1912-ум 3 гўсфанди ҳисорие, ки ҳар яке 196 киллограм вазн дошт, дар намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифта буд.
Ҳамсуҳбати дигари мо Наҷмиддин Раҷабов-муовини директори Иниститути чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ зоти гўсфандони ҳисориро дастоварди мардуми тоҷик медонад ва зимни суҳбат мегўяд, ки зоти гўсфандони ҳисорӣ вижагиҳои худро дорад. Ҷаноби Наҷмиддин Раҷабов боварӣ дорад, ки чарогоҳ то 30 фоиз бе парвариши махсус гўшту равған мегирад, дар ҳоли бурдоқӣ кардан, ин омор 60 фоизро убур мекунад. Азбаски равған дар думбаи гўсфанди ҳисорӣ захира мешавад, дар чарогоҳҳои баландкуҳ бемамониат ҳаракат мекунад.
Ба гуфтаи олимон ва мутахассисони соҳа аз гӯсфанди ин зот олимони соҳаи чорводории дигар мамолик низ самаранок истифода мекунанд. Номзади илмҳои кишоварзӣ Фазлиддин Икромов мегўяд, ки дар кишвар теъдоди хоҷагиҳои зотпарварӣ ба 70 адад мерасад, ки дар 7 адади он беш аз 100 ҳазор гўсфанди ҳисорӣ мавҷуд мебошад.
Дар кишвари мо саршумори беҳтарини зоти гўсфанди ҳисорӣ дар заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, хоҷагии деҳқонии «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара, ҶДММ «Баракати гўсфанди ҳисорӣ»-и шаҳри Ҳисор, ҶДММ «Баракати зотпарварии гўсфанди ҳисорӣ»-и шаҳри Турсунзода, х/д «Дилшод»-и ноҳияи Варзоб, х/д«Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод парвариш меёбанд. Нақши хоҷагиҳои мазкур дар рушди зоти гўсфанди ҳисорӣ калон аст.
Мусаллам аст, ки чорводорӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, махсусан дар таъмини амнияти ғизоӣ нақши муҳим дорад. Бо назардошти офаридани зотҳои сергўшту серравған, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, афзун намудани истеҳсоли гўшт чорводоронро зарур аст, ки аз таҷрибаи хоҷагиҳои пешқадам васеъ истифода намоянд.
Муродулло Раҳимов
радиои “Тоҷикистон”