Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки бо дархосту талошҳои мақомоти Тоҷикистон Фурқат Абдуфаттоев аз ҳабс дар Русия озод шудааст.
Ба иттилои манбаъ, 2 феврали соли 2021 дар ҳудуди деҳаи Мраковои ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоев Фурқат Абдуфаттоевич, 13.10.1976 соли таваллудаш барои ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд.
Прокуратураи генералӣ мегӯяд, бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, дар моҳи феврали соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархости асоснок ирсол намуда, аз ҳабс озод намудани Абдуфаттоев Ф.А.- ро хоҳиш намуд.
Гуфта мешавад, ки 6 июл бо қарори Прокурори ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистон чораи пешгирй дар намуди ба ҳабс гирифтан нисбати Абдуфаттоев Ф.А. тағйир дода шуда, охирон аз ҳабс озод карда шуд.