Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар изҳори нигаронӣ кардааст, ки касоне вомехӯранд, ки вурудашон ба ҳудуди Федератсияи Россия манъ аст, аммо бо маслиҳати миёнаравони тасодуфӣ ному насабашонро иваз карда, озими Россия мешаванд ва дар натиҷаи ин амали ғайриқонунӣ барои худ хатари нав эҷод мекунанд.
Ба таъкиди ин Хадамот, ҳамарӯза, кормандони шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ба муроҷиаткунандагон – муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида, таъкид менамоянд, ки танҳо ба маслиҳати мутахассисон гӯш дода, ба қонунвайронкунӣ роҳ надиҳанд. Чун ҳарчанд ному насаби муҳоҷир иваз карда шавад, аммо маълумоти биометрӣ дар бораи нафароне, ки вурудашон ба кишвари қабул манъ шудааст, мавҷуд аст. Дар ҳолати ошкор гардидани ин нукта муҳоҷири меҳнатӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Хадамоти муҳоҷират ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, махсусан шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳии Раёсат дар вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ оид ба талаботҳои нави қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотиро ҳамарӯза баргузор намуда истодаанд. Бо шаҳрвандон дар бораи тартиб ва мақсади воридшавӣ, дар муҳлати муқарраргардида ҷамъоварӣ ва пешниҳод намудани маводҳои зарурӣ ба шуъбаҳои Сарраёсати ВКД ФР оид ба муҳоҷират дар минтақаҳо, барои гирифтани патент ва риояи муҳлати буду боши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва эҳтимолӣ, ба вуҷуд омадани мушкилиҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши фаъолияти меҳнатиро дар қаламрави ин кишвар доранд, пеш меояд, ошно намуда, роҳҳои ҳалли онро ба ҳозирин ба таври содда фаҳмонида ба саволҳои онҳо ҷавобҳои қаноатбахш дода мешавад.
Таъкид мешавад, ки дар ҳолати боздошт шудани чунин шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти қудратии Федератсияи Россия тибқи муқаррароти Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия ба моддаи 322 банди 2 ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.