Мақолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Эрон бознашр гардид

Мақолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», ки 15 июн ба муносибати 20-солагии СҲШ дар АМИТ «Ховар» интишор ёфта ва дар он таърихи ташаккули Созмон, ҷойгоҳи он дар таҳаввулоти геополитикии ҷаҳони имрӯз ва авлавиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мавриди арзёбии таҳлилӣ қарор гирифтааст, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба забонҳои форсӣ ва англисӣ бознашр шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, аз ҷумла, 4 июл рӯзномаи англисизабони «Iran news» (Vol.XXVII, № 7262) мақолаи мазкурро ба забони англисӣ ва 5 июл рӯзномаи «Осиё» (Соли бистум, шумораи 5213) онро ба забони форсӣ барои хонандагони худ пешкаш намуданд.

Пайванди электронии мақола ба забонҳои англисӣ ва форсӣ:

https://www.asianews.ir/fa/album/809/%D8%B1%D9%88%D8%B2%D9%86%D8%A7%D9%85%D9%87-%D8%A7%D9%82%D8%AA%D8%B5%D8%A7%D8%AF%DB%8C-%D8%A2%D8%B3%DB%8C%D8%A7-%DB%B1%DB%B4-%D8%AA%DB%8C%D8%B1-%DB%B1%DB%B4%DB%B0%DB%B0