Ташрифи соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ба вилояти Суғд

5 июл  мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти  роҳбарии муовини вазири кишоварзии ин кишвар Анвар Асамов  сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ  дар  соҳаи саноати сабук, коркарди пахта, пӯсту чарм, пилла, бунёди боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои инноватсионӣ, коркарди банду басти меваи хушк ва тар, воридсозии тухмиҳои серҳосили пахтаву гандум аз ҷумлаи  масоиле буданд, ки дар ин дидор баррасӣ шуданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, ин дидор дар вилояти Суғд доир гашта, наздик ба 40 нафар масъулини мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ба вилоят ташриф оварданд. Меҳмонон давоми се рӯз аз корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва гармхонаву боғҳои он боздид карда, бо захираву имкониятҳо шинос мегарданд.

“Зимни суҳбат раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба марҳилаи нави ҳамкории сифатан нав  асос гузошта шуда, табодули молу маҳсулот миёни ду давлати дӯст дар ҳоли афзоиш аст”-менависад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дар  мулоқоту музокироти сарони ду давлат, ки  10 ва 11 июн дар Тоҷикистон доир шуд, зикр гардид, ки муносибатҳои иқтисодии миёни минтақаҳои ду мамлакат бояд аз ин ҳам беҳтар карда шавад. Самараи чунин мулоқот буд, ки чанде қабл доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карда, бо вазъи иқтисодии ин вилоят ва захираву имкониятҳои он шинос гардиданд.