Дар Тоҷикистон коронавирус ҳаст ё нест?

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ овозаҳо дар бораи гӯё хурӯҷ кардани бемории COVID-19 дар Тоҷикистонро дубора беасос хонд.

Ба гуфтаи сухангӯйи Вазорат ҳамасола бо сабаби гарм шудани ҳаво як  зумра  бемориҳо, аз ҷумла бемории пневмония ё худ илтиҳоби шуш авҷ мегиранд. Рӯзҳои охир ҳарорати ҳаво ба ҳадди нигаронкунанда боло рафта,  мардум бештар ба истеъмоли яхмос ва обҳои хунук рӯ оварданд, ки ин амал боиси ба илтиҳоби шуш гирифтор шудани онҳо гардид. Вале ин маънои онро надорад, ки ин беморон гирифторони бемории COVID-19 ҳастанд.

«Тибқи таҳлили мутахассисон, ҳоло бештар калонсолон ва кӯдакон гирифтори илтиҳоби шуш мебошанд.  Аксарияти онҳо   касоне ҳастанд, ки соли гузашта, ҳангоми хурӯҷи каронавирус бемориро аз сар гузаронидаанд ва шуши онҳо  пурра барқарор нашудааст. Барои пурра барқарор шудани шуш онҳо бояд зери назорати духтурон қарор гирифта,  тавсияҳои онҳоро пурра риоя намоянд ва аз нӯшидани нӯшобаҳои сард ва истеъмоли яхмос даст  кашанд», — таъкид кардааст Эмомалӣ Мирзоев ба «Ховар».

Аммо ба гуфтаи ин намояндаи Вазорати тандурустӣ муассисаҳои кӯмаки аввалияи  тиббию санитарӣ аз 3 то 10 нафарро бо аломатҳои асосии илтиҳоби шуш ва COVID-19, яъне баландшавии ҳарорати баданд, сулфа, набудани иштиҳо ва беҳолӣ барои ташхиси COVID-19 пешниҳод  мекунанд. Хушбахтона, ҳамаи ташхисҳои онҳо манфӣ мебароянд.

Хотирасон мекунем, ки охири моҳи май вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи дубора ба кишвар баргаштани ҳолатҳои сироят аз коронавирусро беасос хонда буд.

“ВАО хабар медиҳанд, ки шахсони гирифтори COVID-19 боз дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд. Ин гапҳо нодурустанд… Онҳо огоҳӣ ва тавсияҳои табибонро нодида гирифта, ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд. Бо супориши шахсии ман онҳо на дар шуъбаҳои сироятӣ, балки дар шуъбаи дармонӣ (терапевтӣ) бистарӣ шудаанд. Онҳо дар натиҷаи оббозӣ дар обанборҳо ва бар асари обуҳавои номусоиди рӯзҳои ахир ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд. Ин бемории онҳо ба атрофиён хатар надошта, аз як кас ба каси дигар намегузарад”, – гуфта буд вазир.

Намояндагони Вазорати тандурустӣ иқрор мешаванд, ки имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба COVID-19, яъне хурӯҷи ин беморӣ дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон  моро ба ташвиш нагузошта наметавонад. Мо ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонем, ки Тоҷикистон  орӣ аз каронавирус мемонад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон набояд ба ин масъала бетараф бошанд.  Бояд қойидаҳои гигиениро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.