Мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» ва мусоҳибаи Сарвари давлат бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», ки 15 июн дар сомонаи www.khovar.tj нашр шуданд, дар воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон ба таври густурда инъикос гардиданд.
Аз ҷумла, агентии ТАСС менависад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон густариши ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро дар соҳаи энергетика зарур мешуморанд.
«Зарурати густариши ҳамкорӣ дар бахши истеҳсолоти саноатӣ ва энергетикӣ, бахусус дар соҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла гидроэнергетика ба миён омадааст», — изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» ба муносибати 20-солагии СҲШ, ки 15 июн нашр шуд, менависад ТАСС.
«Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2021 Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ мебошанд, инчунин тақвият додани иқтидор ва мавқеи байналмилалии Созмонро аз вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти ташкилот ном бурданд. Ба гуфтаи Президент, моҳҳои июл ва августи соли равон дар Душанбе баргузории нахустин мулоқоти вазирони саноат ва вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои СҲШ ба нақша гирифта шудааст. Баргузории ин чорабиниҳо барои эҷоди механизмҳои мукаммали ҳамкорӣ дар ин самтҳо дар доираи Созмон замина мегузоранд», — гуфта мешавад дар хабари ТАСС, ки дирӯз аз ҷониби баъзе нашрияҳо, аз ҷумла «Большая Азия» (сомонаи Ассамблеяи халқҳои АвруОсиё) ва «Ритм Евразия» (майдони коршиносӣ-иттилоотӣ барои муоширати касбии сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятӣ, коршиносон ва журналистони давлатҳои пасошӯравӣ) бознашр гардидааст.
«Дар тӯли таърихи бистсолаи худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав мубаддал гашт ва борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст», — аз мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибос меорад Агентии расмии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин «Синхуа».
Нашрияи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, яке аз рӯзномаҳои маъруфи ҷаҳон «Жэнмин-Жибао», ки бо 14 забон нашр мешавад, суханони Эмомалӣ Раҳмонро аз мақолаашон чунин иқтибос намудааст: «Дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID-19 кишварҳои узви СҲШ ҳамбастагии худро зоҳир намуда, дар бисёр масъалаҳои мушкилзо якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар итминон ҳосил кард, ки давлатҳои узви Созмон ба арзишҳо ва усули «Рӯҳияи Шанхай» содиқанд».
«Мо фаъолияти худро дар доираи Созмон густариш ва равобити худро бо аъзои он тақвият хоҳем бахшид, фаъолияти муштараки худро дар доираи СҲШ дар самти мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои муосир, алалхусус терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ идома хоҳем дод», — мисол меорад суханони Президенти Тоҷикистонро «Жэнмин-Жибао».
Рӯзномаи чинӣ ёдовар мешавад, ки саммити ҷашнии сарони давлатҳои СҲШ 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Соли 2021, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхайро раисӣ мекунанд ва дар робита ба 20-солагии таъсисёбии ин Созмон ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» мусоҳибаи муфассал доданд, навиштааст Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар».
Дар хабари агентии «Кабар» навишта шудааст: «Дар иртибот ба Стратегияи рушди СҲШ, ки соли 2015 қабул гардидааст, Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, «ки кишварҳои СҲШ ба ҳуқуқи интихоби роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо дарназардошти таҷрибаи таърихӣ ва хусусиятҳои миллии ҳар як давлат, мусоидат ба муколамаи байни тамаддунҳо, сулҳ, пешрафт ва ҳамоҳангии умум эҳтиром мегузоранд, принсипҳои дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, эҳтироми соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узви СҲШ-ро ба роҳбарӣ мегиранд ва истифодаи чораҳои фишори якҷонибаро бе тасдиқи Шӯрои Амнияти СММ дастгирӣ намекунанд. Ин яке аз бандҳои муҳими ҳуҷҷати мазкур мебошад».
«Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои Созмонро баён доштанд. Сарвари давлат зарурати густариши ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар соҳаи энергетика тазаккур доданд», — хабар додааст агентии иттилоотии «Sputnik»-и Россия бо истинод ба мусоҳибаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо АМИТ «Ховар».
«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ пешниҳод карданд, ки иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳуриро якҷоя истифода баранд», — хабар медиҳад «Интерфакс»-и Қазоқистон. «Дар пасманзари пандемияи коронавирус давлатҳои СҲШ-ро мебояд ҳамкории иқтисодиву тиҷоратииро ба роҳ монанд», — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо АМИТ «Ховар» ба муносибати 20-солагии Созмон, ”менависад Интерфакс.
«Дар тӯли таърихи бистсолаи худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав мубаддал гашт ва борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Дар ин бора дар мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», ки имрӯз дар АМИТ «Ховар» интишор шудааст, гуфта мешавад, навиштааст 15 июн рӯзномаи иқтисодии «Деловой Казахстан».
15 июн Агентии миллии иттилооти Ӯзбекистон «УзА» дар сомонаи худ матни пурраи мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ»-ро нашр кард. Мақола ва мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо АМИТ «Ховар» ҳамон рӯз дар сомонаҳои расмии Кумитаи иҷроияи ИДМ ва СҲШ низ ҷой карда шуданд.
Нусхаи англисии мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар платформаи амрикоии Public. (http://www.publicnow.com) низ дарҷ гардид.