Аз 23 то 27 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегардад.
Дар доираи чорабиниҳо конфронсҳои байналмилалии илмӣ, намоишгоҳи китобу дастхатҳо ва барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки олимону донишмандон ва ҳунармандони тоҷик доир мешаванд.
Ҳамчунин, баргузории консертҳои ҳунармандони тоҷик ва мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо масъулони баландпояи ЮНЕСКО дар назар аст.
Ҳадафи ин ташаббус муаррифии мероси гаронбаҳои илмӣ ва адабии ин ду чеҳраи барҷастаи тоҷик арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар тамаддуни башарӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илму фарҳанг мебошад.
