Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон, натиҷаҳои сафари расмии президенти ҶӮ ба Тоҷикистон, баҳси қиматҳои гарони билети ҳавопаймо ба самти Русия, афзоиши нархи газ дар Тоҷикистон ва бунёди мактаби мутобиқ ба меёрҳои Оксфорд дар шаҳри Хуҷанд аз мавзӯҳои мавриди таваҷҷӯҳи нашрияҳои чопи ин ҳатфаи Душанбе аст.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 16 июн мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти уновони “20 соли СҲШ: Ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ” ва инчунин мусоҳибаи Сарвари давлатро бо АМИТ “Ховар” чоп кардааст. Сарвари давлат дар ин мақолаи хеш зимни баррасии таърихи таъсис ва нақшу ҷойгоҳи имрӯзи СҲШ дар арсаи байналмилалӣ таъкид кардааст, СҲШ ки бистсола мешавад, аз рӯзи нахустини фаъолияти худ собит кард, ки он Созмони фаъол ва ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Ба гуфтаи президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқотҳои ҳарсолаи сатҳи мухталиф чорчӯби СҲШ имкон медиҳанд, ки на танҳо мушкилоти рӯзмарра ҳал шаванд, балки дар ҷаҳони зудтағйирёбанда низ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Пешвои миллат дар хулосаи мақолаи худ зикр кардааст, ин ҳама баёнгари он аст, ки Созмони ҳамкории Шанхай, дар ҳақиқат сохтори хеле ояндадори ҳам миқёси минтақавӣ ва ҳам ҷаҳонӣ мебошад.
Инчунин Пешвои миллат дар мусоҳибаи худ бо АМИТ “Ховар” дар мавриди нақши ВАО дар рушди ҳамкории байни давлатҳои аъзои СҲШ гуфтааст, ки “Муҳит дар дохили кишвар ва ҳам дар муносибатҳои байни давлатҳо аз мавқеи рӯзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва дигар нафарони эҷодкор вобаст аст”.
“Ҷумҳурият” бо нашри матлаби дигаре навиштааст, ки таҷрибаи судии ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои об дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Суғд собит намуд, ки истифодаи дурусти об ва сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи он аз мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад. Ба навиштаи муаллиф тайи се соли охир, дар маҷмӯъ, 32 даъво ба маблағи 11 миллиону 519 ҳазору 400 сомонӣ ба суди иқтисодии вилоят ворид гардида, аз ин танҳо 12 даъво ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ иҷро гардид.
Нашрия аз қавли Раҳмоналӣ Исмоилзода муовини раиси cуди иқтисодии вилояти Суғд навиштааст, ҳангоми баррасии даъвоҳо маълум мегардад, ки обистифодабаранда ҳаққи маблағи обро сари вақт дар доираи шартномаи ҳамкорӣ пардохт намудааст, аммо ассотсиатсияҳо маблағи ҷамъоваришударо ба идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо намесупоранд, ки оқибати ин амал ба пайдо шудани омилҳои коррупсионӣ имкон медиҳад.
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 16 июн зимни натиҷагирӣ аз сафари расмии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон навишт, ки ширкатҳои марбутаи ду ҷониб дар мавриди бунёди корхонаи истеҳсоли мошинҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд. Ҳазинаи сохтмони ин корхона 2 млн доллар арзёбӣ шуда, интизор аст дар марҳилаи аввал 10 ҳазор автомашина дар сол истеҳсол кунад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигари ин шумораи хеш ин саволро матраҳ кардааст, ки оё коронавирс баргашт? Муаллифи мақола аз қавли масъулини вазорати тандурустӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси Ковид-19 ба қайд гирфта нашудааст. Эмомалӣ Мирзоев сухангӯи ин вазорат таъкид кардааст, бештари беморон нафароне ҳастанд, ки дар гузашта гирифтори коронавирус шуда, ҳамакнун дар гармои тобистон аз беэҳтиётӣ гирифтори илтиҳоби шуш шудаанд.
Нашрия “Тоҷикистон” инчунин дар шумораи тозаи худ хабар додааст, ки 90 рӯзи дигар мақомоти интизомии Русия ҳақ надоранд, муҳоҷиронро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кунанд ва дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба қаламрави ин кишвар қарор қабул намоянд.
Нашрия менависад, Бар асоси амри президенти Русия, муҳоҷироне, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ин кишвар ҳузур доранд, то охири моҳи сентябр депорт ё ихроҷ намешаванд. Агар онҳо қонуншикание дар гузашта карда бошанд, барои он танҳо ҷарима мешаванд. Давоми ин 90 рӯз онҳо бояд санадҳои худро дуруст ва кору зиндагиашонро қонунӣ кунанд.
Муаллиф аз қавли Вадим Коженов, роҳбари Федератсияи муҳоҷирон дар Русия навиштааст, ки ин амри президенти Русия барои авфи муҳоҷирони дар Русия қарордошта заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. “Яъне агар шумо 6-7 сол дар Русия ғайриқонунӣ қарор доштед, ҳақ доред ба идораи пулис муроҷиат кунед ва агар ҳуқуқвайронкуние доштед, шуморо ҷарима мекунанд. Вале бо пардохти ҷарима шумо ҳақ пайдо мекунед, ки санадҳои худро аз нав дуруст кунед ва ҳузури қонунӣ дар Русия дошта бошед.”,–таъкид кардааст Вадим Коженов.
“СССР”
Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 17 июн посӯхи Агентии авиатсияи гражданиро дар робита ба гаронии нархи билети ҳавопаймо ба самти Русия нашр кардааст. Икром Субҳонзода раиси Агентии мазкур дар номаи ҷавобии худ таъкид кардааст, ки бевосита бо талошҳои Президенти кишвар ҳоло нархи билет аз 1000-1200 доллар то 500 доллар пойин оварда шуд. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки дар рӯзҳои аввали кушода шудани иртиботи ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия, бархе ширкатҳои ҳавопаймоии рус бо сӯистифода аз талаботи зиёд нархи билетҳоро то ба 1500 доллар боло бурданд.
“Asia-Plus”
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 17 июн навиштааст, ки дар шаҳри Хуҷанд сохтмони мактаби сатҳи ҷаҳонӣ идома дошта, интизор аст, ки рӯзи 1 сентябр дарҳои худро барои хонандагон боз кунад.
Сармоягузори бунёди мактаби Оксфорд дар Хуҷанд тоҷири шинохта Саидмурод Давлатов буда, таълим дар ин мактаб бо забонҳои русӣ ва англисӣ аз синфи 1 то 7 сурат мегирад. Ба гуфтаи Саидмурод Давлатов агар чӣ мактаб филиали Оксфорди Британия нест, вале меъёр ва усулҳои таълим дар он баробар ба оксфорд хоҳад буд.
“Фараж”
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 16 июн аз вазъияти ногувори литсейҳои касбӣ-техникӣ дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, дар ин замина ба ҳолати ногувори литсеи касбӣ-техникии ноҳияи Ҷайҳун ишора кардааст. Ба навиштаи муаллиф 20 сол боз 131 ҳуҷраи хобгоҳи литсейро 263 оилаи сокинони маҳаллӣ худсарона ғасб карда, донишомӯзон аз ҷойи хоб маҳруманд.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,
радиои Тоҷикистон