ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҲАМОИШИ ИДОНА БАРГУЗОР ШУД

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ иштирок намуда, доир ба ҷойгоҳи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихори миллӣ андешаронӣ карданд.

Дар ҳамоиш доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, устоди Академияи идоракунии давлатӣ Қиёмиддин Миралиён ва номзади илмҳои таърих Иброҳим Мирзошарифзода суханронӣ намуда, доир ба таърихи Парчами давлатӣ, маънои рамзҳои он ва нақши ин муқаддаси миллӣ дар таҳкими худшиносиву ватандӯстӣ андешаҳои худро баён доштанд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки воситаҳои ахбори омма дар тарғиби муқаддасоти миллӣ ва муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ масъулияти муҳим доранд.