Сурат: Asia-Plus
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи дубора ба кишвар баргаштани ҳолатҳои сироят аз коронавирусро беасос хонд.
Ҷамолиддин Абдуллозода дар як мусоҳиба ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки расман дар кишвар ягон бемори COVID-19 нест ва овозаҳои дубора ба кишвар баргаштани ҳолатҳои сироят аз коронавирус асоси воқеӣ надоранд. Вале, воқеият ин аст, ки дар ҷумҳурӣ якчанд ҳолатҳои гирифтории такрорӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба қайд гирифта шудааст.
“ВАО хабар медиҳанд, ки шахсони гирифтори COVID-19 боз дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд. Ин гапҳо нодурустанд… Онҳо огоҳӣ ва тавсияҳои табибонро нодида гирифта, ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд. Бо супориши шахсии ман онҳо на дар шуъбаҳои сироятӣ, балки дар шуъбаи дармонӣ (терапевтӣ) бистарӣ шудаанд. Онҳо дар натиҷаи оббозӣ дар обанборҳо ва бар асари обуҳавои номусоиди рӯзҳои ахир ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд. Ин бемории онҳо ба атрофиён хатар надошта, аз як кас ба каси дигар намегузарад”, – гуфтааст вазир.
Ба навиштаи манбаъ, ӯ аз рӯзноманигорон дархост намуд, ки “бо хабарҳои беасос мардум ва меҳмонони кишварро ба ташвишу таҳлука наандозанд”.