ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — таҷассумгари ҳувияти миллӣ» баргузор гардида истодааст.

Дар ҳамоиш роҳбарияти донишгоҳ, садорати факултетҳо, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён иштирок доранд.

Қарор аст, дар ҳамоиш иштирокдорон оид ба таъриху ташаккули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгоҳи он дар таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ, рамзи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ будани он маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод кунанд.