Барои баромадан ба марҳилаи сеюми мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва роҳхати мустақим ба Ҷоми Осиё-2023 ба Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 4 гол нарасид.
Холҳои тими миллии кишвар бо дастаи Лубнон барбар буданд, вале аз ҳисоби фарқияти тӯбҳо лубнониҳо ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд. «Дар натиҷа, тими мунтахаби Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо 6-ум шуд. Акнун тими миллии кишвар иштирокашро дар марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023, ки моҳи феврали соли 2022 шуруъ мешавад, идома медиҳад. Қаблан ҳиҷ вақт тими миллии Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё роҳхат нагирифтааст»,-менависад сомонаи Кумитаи олимпӣ.
Ҳамин тавр, мунтахабҳои Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, АМА ва Кореяи Ҷанубӣ дар гурӯҳҳояшон ҷои аввалро сазовор шуда, ба даври дигар баромаданд. Инчунин, 5 дастаҳои беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо – Уммон, Ироқ, Ветнам, Чин ва Лубнон ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар доираи бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Мянмар дар майдони Янмар Нагайи Осакаи Ҷопон вориди рақобат гардиданд. Дар қисмати дуюми бозӣ низ ҳарду даста имкони зиёди голзаниро доштанд. Пас аз чанд ҳолати хавфнок, ниҳоят дар дақиқаи 53-уми бозӣ ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳ Ҷалилов бо сар тубро вориди дарвозаи ҳариф намуд. Голи сеюми бозиро Шериддин Бобоев дар дақиқи 77-ум ба самар расонид. Ин гол ҳам тавассути сар ба анҷом расонида шуд. Бо гузашти 9-дақиқа аз голи сеюм фуболбози тоҷик Шаҳром Самиев аз партофти ҳамдастааш самаранок истифода намуда, голи чорумро вориди дарвоза намуд.