Тими миллии Тоҷикистон дастаи Мянмарро бо 4 гол мағлуб кард

Дар доираи бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Мянмар дар майдони Янмар Нагайи Осакаи Ҷопон вориди рақобат гардиданд.

Дар қисми аввали дидор ҳар ду даста имкони голзаниро ба дарвозаи якдигар доштанд. Аз ҷумла, дар дақиқаи 11-уми дидор аз ҷониби ҳамлагари тоҷик Комрон Турсунов зарбаи хавфнок ба ҷониби дарвозаи ҳариф сурат гирифт, вале аз тарафи дарвозабон баратарф карда шуд. Чунин ҳолат дар дақиқи 22-ум низ айнан сурат гирифт. Дар дақиқи 33-уми бозӣ бошад, Парвиз Умарбоев тавассути зарбаи ҷаримавӣ ба сӯи дарвозаи рақиб тубро партоб намуд, ки он аз ҷониби Комрон Турсунов ба дарвозаи ҳариф ворид карда шуд. Бо ин гол футболбозони тоҷик ҳисоби бозиро кушода, имкони пирӯзиро таъмин намуданд. Ғайр аз ин ҳолатҳои зиёди голзанӣ ба футболбозони тоҷик муяссар гардид, вале бо кӯшишу талоши дарвозабони Мянмар баратараф карда шуданд.

Ҳамин тавр, қисмати авали бозӣ бо ҳисоби 1 бар сифр ба нафъи бозингарони тими миллии Тоҷикистон хотима ёфт. Дар қисмати дуюми бозӣ низ ҳарду даста имкони зиёди голзаниро доштанд. Пас аз чанд ҳолати хавфнок, ниҳоят дар дақиқаи 53-уми бозӣ ҳамлагари тими мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳ Ҷалилов бо сар тубро вориди дарвозаи ҳариф намуд. Голи сеюми бозиро Шериддин Бобоев дар дақиқи 77-ум ба самар расонид. Ин гол ҳам тавассути сар ба анҷом расонида шуд. Бо гузашти 9-дақиқа аз голи сеюм фуболбози тоҷик Шаҳром Самиев аз партофти ҳамдастааш самаранок истифода намуда, голи чорумро вориди дарвоза намуд.

Рақобати дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои Ҷопон ва Қирғизистон бо пирӯзии Ҷопониҳо бо ҳисбои панҷ бар як хотима ёфт. Бо ҳамин, тими миллии Тоҷикистон бо касби 13-имтиёз дар гурӯҳи “Ф” ҷойи дуюмро ишғол намуда, натиҷаи дидорҳои Аморати Мутаҳидаи Араб – Ветнам, Ироқ – Эрон, Арабистони Саудӣ – Ӯзбекистон роҳи тими милии кишварро ба даври баъдӣ ҳамвор хоҳад сохт.

Баҳруллои М.