Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон тадбирҳои андешидаи зиддибӯҳронии Ҳукумати кишварро натиҷабахш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар байни кишварҳои минтақа рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама баланд мебошад.
Ин нуктаро ҷаноби Селим Элекдаг дар вохӯрии онлайнӣ ба вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иброз намуд ва гуфта шуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибӯҳронии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва ислоҳоти анҷомдодашуда рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 ба 4,5 фоиз баробар гардид. Инчунин, дар моҳҳои январ-майи соли 2021 рушди иқтисоди миллӣ 8,6 фоизро ташкил намуд, ки ин барқароршавии иқтисодиётро нишон медиҳад.
Дар идомаи мулоқот вазири рушди иқтисод ва савдо дархост намуд, ки бо назардошти вазнин омадани соли 2021 ҷиҳати зиёд намудани дастгириҳои молиявии Шарикони рушд, аз ҷумла ХБА барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, расонидани кумаки техникӣ барои тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ ва таҷдиди назар намудани дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат намояд.