Дар Кумитаи телевизион ва радио Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радио Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

Тавре аз котибот хабар доданд, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар расми ифтитоҳи марҳилаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар байни кормандони кумита изҳор намуд, ки кормандоне, ки дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда соҳиби ҷоиза мегарданд, аз тарафи Кумита низ ба онҳо ба ҳамон миқдор арзиши ҷоизаашон мукофот дода мешавад.

Ба марҳилаи ҷамъбастии озмун дар кумита, баъд аз ғолибият дар даври ибтидоӣ, яъне дар доираи сохторҳо, 31 нафар роҳ ёфт. Довталабон маҳорати худро дар боби шеърдонию шеърхонӣ, донистани адабиёти классикию муосир ва адабиёти ҷаҳону адабиёти бачагона дар назди ҳакамони салоҳиятдор, олимону мутахассисони варзидаи соҳа пешкаш хоҳанд кард. Беҳтаринҳо ба даври навбатии озмун роҳхат мегиранд.

Бояд гуфт, ки Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бар асоси низомномаи нави Озмуни мазкур маблағи умумӣ барои ҷойҳои 1, 2, 3-и озмун 2 250 000 сомониро ташкил медиҳад ва барои ғолиби Шоҳҷоиза 70 000 сомонӣ тақдим мегардад.

Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти шифоҳӣ ва бачагона, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

Хотирасон мекунем, ки соли гузашта шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» насиби  хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 28 – и деҳаи Сории шаҳри Панҷакент Насриддинова Раъно гашта буд.