Тақсимоти тӯҳфаи Пешвои миллат – шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Тавре медонем, ин иқдом дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ба роҳ монда шудааст.
Ба иттилои мақомоти вилояти Суғд тӯҳфаҳоро ҳайате аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ба ноҳияи Айнӣ овардаанд.
Боиси зикр аст, ки ”аҳолии ноҳия 84 ҳазор нафар буда, дар умум 19200 адад хоҷагиро ташкил медиҳад. Дар ноҳия комиссияи махсус ташкил шудааст, ки раванди супоридани тӯҳфаи пурарзиши Пешвои миллат – китоби “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуровро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат мекунад”,-мегӯяд манбаъ.