Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Кобул Муҳаммад Довуд Султонзуй мулоқот намуданд.
Дар ин бора сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбарияти шаҳри Кобулро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфтанд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари ҳамсояву дӯсти дорои таъриху фарҳанги муштарак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамкории гуногунҷанба миёни ҳарду кишвар рушду густариш меёбанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Кобул мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва сайёҳӣ зоҳир карда шуд.