Баррасии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Панҷакент-истгоҳи Булунғур-Ҷамбой»

Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Оид ба транзити борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ӯзбекистон»,  барқарор кардани интиқоли транзити мол тавассути роҳи оҳан дар қитъаи «Бекобод-Истиқлол-Бекобод», лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан дар қитъаи «Панҷакент (Тоҷикистон) – истгоҳи Булунғур / истгоҳи Ҷамбой / истгоҳи завод (Ӯзбекистон)», ташкили курсҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар  Ӯзбекистон  аз зумраи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии намояндагони вазоратҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар Душанбе  баргузор гардид,  баррасӣ шуданд.

Вазорати нақлиёти мамлакат хабар дода, менависад, ки дар мулоқоти мазкур ҳамчунин масъалаҳои марбут ба барқарорсозии хатсайрҳои байналмилалии мусофирбарӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо риояи талаботи зиддиэпидемиологӣ  баррасӣ гардиданд.

Дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шоиста Саидмуродзода ва ҳайати Ӯзбекистонро муовини Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Абдусамат Муминов роҳбарӣ намуданд. Ҳайатҳо масоили тавсеа ва рушди ҳамкории дуҷониба байни ду кишварро дар соҳаи нақлиёт, инчунин  масъалаи барқарор намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тавассути гузаргоҳи сарҳади давлатии  «Патар-Андархон»-ро муҳокима намуданд. Тарафҳо бо мақсади густариши ҳамкории дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда протоколи дахлдор  ба имзо расониданд.