Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумита Нуриддин Саид, муовинони раис, роҳбарони зерсохторҳои Кумита ва иштирокчиён озмуни адабии «Эъҷози сухан» ифтитоҳ гардид.
Тавре раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоъ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар оғози озмун гуфтанд, ин иқдом дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат ва бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва равнақ додани ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумита амалӣ мешавад.
Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки баъд аз эълони баргузории озмун ба унвони котиботи он аз номи бештар аз 160 довталаб аз ҳисоби ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникии тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радио аз кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ дархости ширкат ворид шуд.
Раиси Кумита бори дигар шарту қоидаҳои озмунро шарҳ дода, изҳор намуд, ки дар ҷараёни арзёбии маҳорати довталабон ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои Ватан бартарӣ дода мешавад.
Баъди ифтитоҳи чорабинӣ иштирокдорон мувофиқи низомнома, аз рӯйи ду номина – китобхонӣ (ҳама навъи осори бадеӣ, илмӣ ва ғ.) ва шеърдонӣ (ҳама навъи асарҳои назмӣ) ҷудо шуда, қисмати китобхонҳо дар китобхонаи Кумита ва қисмати шеърхонҳо дар маҷлисгоҳи хурд аз ҷониби ҳайати ҳакамони салоҳиятдор пурсида шуда, маҳорати онҳо баҳогузорӣ ва натиҷагирӣ карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки тибқи низомнома, иштирокчии озмун дар интихоби забон зимни хондан ва аз худ кардани осори адабиёти тоҷикӣ ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод буда, дар баёни роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ, инчунин, асарҳои илмӣ ва дигар осори насрӣ ва қироати шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) аз дилхоҳ забон истифода намояд. Бинобар фароҳам овардани фурсати мусоид ҷиҳати намоиши маҳорат барои ҳар иштирокчӣ озмун давоми 5 рӯз: 30, 31 май, 1, 2 ва 3 июни соли 2021 зери шиори “Адолат ва садоқат ба Ватан” баргузор шуда, рӯзи 3 июн ҷамъбаст хоҳад шуд.
Барои баҳогузорӣ ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда шудааст. Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Кумита барои ҷоизадори мақоми аввал дар ҳарду номина 10 000 сомонӣ (ба 2 нафар, ҷамъ 20 000 сомонӣ), ба ду ҷойи дуюм дар ҳарду номина 7 000 сомонӣ (ба 4 нафар дар маҷмӯъ 28 000 сомонӣ) ва ба се ҷойи сеюм дар ҳарду номина 5 000 сомонӣ (ба 6 нафар, дар маҷмӯъ 30 000 сомонӣ) пешбинӣ намудааст.
Маҳорати иштирокчиёнро ҳайати баландпояи ҳакамон аз ҳисоби шоирону олимон ва адабиётшиносони муваффақ дар ҳарду номана месанҷанд. Дар номинаи китобхонӣ ба сифати довар адабиётшиносон Мирзо Солеҳ, Сироҷиддини Эмомалӣ, Муртазо Зайниддинов, Боймурод Шарифзода, Музаффар Давлатзода, Муҳриддин Низомӣ ва дар номинаи шеърхонӣ шоирон Низом Қосим, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Рустами Ваҳҳоб ва Давлат Сафар интихоб шудаанд.
Дар рӯзи аввали озмун 40 нафар аз рӯи ҳарду номинтсия маҳорати худро дар назди ҳайати доварон нишон хоҳанд дод.