Пешгирии ифлосшавии об ва ҳаво тавассути энергияи барқароршаванда

Имрўз дар  шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Ассотсиатсияи захираҳои барқароршавандаи Тоҷикистон  ва шарикони рушд семинари якрӯза  дар мавзӯи “Пешгирии ифлосшавии  об ва ҳаво тавассути энергияи барқароршаванда” баргузор гардид. Дар  семинари мазкур коршиносони масоили экологӣ, намояндагони ВАО ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Кори семинар омўзиши “Пешгирии ифлосшавии  об ва ҳаво тавассути энергияи барқароршаванда” – ро  мушовири Ассотсиатсияи захираҳои барқароршавандаи Тоҷикистон Фаррух Қосимов оғоз намуда, дар мавзӯи “Сифатнокии ҳаво дар Осиёи марказӣ” маърўза намуд. Номбурда аз ҷумла зикр намуд, ки  дар натиҷаи афзоиши босуръати аҳолӣ, истифодаи аз меъёр зиёди маводҳои гуногуни кимиёвӣ, шикори ҳайвонот ва  зиёд шудани  автомобилҳои бо сўзишворӣ ҳаракаткунанда   мувозинати экологии сайёра тайѓир ёфта истодааст. Фаррух Қосимов дар идомаи суханронии худ илова намуд, ки мутаасифона нишондоди ифлосшавии ҳаво дар шаҳри Душанбе назар ба дигар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар ба назар мерасад: “ Тавассути индекси сифати ҳаво нишон дода мешавад, ки дар  шаҳри Душанбе назар ба дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ифлосшавии ҳаво бештар ба мушоҳида мерасад. Моро зарур аст, ки дар ин самт корро хубтар ба роҳ монем ва шароити мусоиди зиндагиро барои худ фароҳам созем, зеро атмосфераи мо дар баробари давлатҳое, ки ҳавои ифлос доранд, қарор гирифтааст. Сабаби асосии  тағйир ёфтани атмосфера ин аз ҳад зиёд шудани автомобилҳо ва истифодаи маҳсулотҳои кимиёвӣ мебошанд.” – зикр кард Фаррух Қосимов.

Дар идомаи семинар мутахассиси соҳаи экология Мурод Эргашев доир ба мавзӯи пешгирии ифлосшавии об суханроӣ намуданд. Мавсуф ҳамчунин дар идомаи суханронии худ аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи солҳои охир руи кор гирифта шудааст ёдовар шуда аз ҷумла чунин гуфт: “Тоҷикистон давлатест, ки саҳми он дар ташаккулёбии обҳои Осиёи Миёна бениҳоят калон мебошад. Дар радифи ин Ҷумҳурии  Тоҷикистон ташаббускори ду масъалаи муҳими глобалӣ “Оби тоза” ва “Об барои рушди устувор” мебошад ва ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷумҳурии мо дар ҳалли масъалаҳои обӣ бетараф нест, балки аҳамияти хосса зоҳир мекунад.”

    Дар идомаи семинар омўзиши “Пешгирии ифлосшавии  об ва ҳаво тавассути энергияи барқароршаванда” гуфта шуд, ки бояд ҳар фарди ҷомеа дар нигоҳ доштани атмосфера ва истифодаи оқилонаи он саҳмгузор бошад.

          Парвина Самандарзода,

барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”