Сокинони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино аз зарари обҳои истифодашуда нигаронанд

   Чанде аз сокинони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои ш. Душанбе бо нигаронӣ аз вазъи санитарии маҳаллаи худ мегўянд, ки тўли солҳо мешавад    ҷуйборҳои обпарто ё худ обу корезҳо пешбинӣ шудааст, аз ҷониби иддае аз сокинон, ғайри ҳадафмандона истифода мешавад, ки ин омил боиси хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва бад шудани вазъи муҳити зист гардидааст.

Мусоҳибони мо аз маҳаллаи «Наврўз»-и ноҳияи Сино мегўянд, «бо вуҷуди нигарониҳои зиёд, ҳамоно обҳои истифодашудаи сокинон аз манзили онҳо берун ва ба манбаҳои дигари обӣ  интиқол меёбад, вале бо вуҷуди ин мушкилот масъулин чорае наандешидаанд.   

      Мушоҳидаи мо нишон дод, ки чунин мушкили танҳо хоси маҳаллаи «Наврўз» набуда, дар чанде аз кўчаю маҳаллаҳои пойтахт ҷой дорад.   Сокини  маҳаллаи Қаҳҳор Раҳимови ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гулрухсор Ашӯрова дар сухбат бо мо иброз намуд, ки онҳо низ тӯли даҳсолаҳо аз ифлос гардидани ҷўйборҳои корезу фозилобҳо нигаронанд. “Дар  маҳаллаи мо умуман калодес вуҷуд надорад, оби ҳаммом ва зарфшӯиямон ҳаммааш ба якҷо меравад, бинобар ин аз кормандони Маркази назорати давлатии санитарию  эпидемиологӣ дар ноҳияи  Исмоили Сомонӣ   хаҳиш мекунем барои рафъи ин мушкилот  расидагӣ намоянд”.                                                      

Ҳаминро бояд гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло аз чанголи бемории ҳамагири коронавирус раҳо наёфтааст, бо вуҷуди ин проблемаи ҷаҳонӣ, баъзе аз шарҳвандон  бар ивази беҳбуд бахшидани вазъи  эпидемиологии маҳалли зисти худ саҳлангорӣ менамоянд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи табиби сироятшинос  Муродалӣ Сафаралиев,  обҳои ифлос манбаи асосии бемориҳои сироятӣ мегардад.  Ифлос намудани обҳои нӯшокӣ ва обҳое, ки бо он зарфҳо мешӯянд ё худ оббозӣ мекунанд метавонад сабаби бемориҳои шадиди сироятии меъдаву рӯда гарданд, новобаста аз кадом обе, ки набошад пеш аз истеъмол бояд ҷушонанд, зеро ҳангоми ҷӯшонидан дар ҳарорати 100  градус метавонанд микробҳояш нобут гарданд“- гуфт, Муродалӣ Сафаралиев .

  Дар робита ба мушкили ҷойдошта дар маҳаллаи  Қаҳҳор Раҳимови ноҳияи Исмоили Сомонӣ корманди Маркази назорати давлатии санитарию  эпидемиологӣ дар ноҳияи  Исмоили Сомонӣ  Соҳибназар  Зоиров  ба мо чунин гуфт: “Дар ҳақиқат дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ин гуна мушкилиҳо ба қайд гирифта мешавад. Мо дар ҳар як маҳалла як кормандро вобаста кардаем, ки гардиш мекунад. Дар ҷойе, ки системаи корезии умумишаҳрӣ нест, ба маърифату ба донистани худи шарҳвандон вобастагии ҷиддӣ дорад. Бояд худи шарҳвандон дар назди ҳавлии худ як чуқурие кананд, ки ҳамон обҳое, ки аз ташноб ва ё баъди шӯстани зарфҳо мебарояд, ба дохили ҳамон чуқурии кандаашон рафта резад ва тагшин шавад”.

    Тавре мусоҳиби мо иброз дошт, ки дар ифлос намудани  манбаҳои обӣ бархе аз сокинони ин ё он маҳалла даст  доранд, ки аз паст будани маърифти шаҳрвандии онҳо дарак медиҳад. Вале дар ин самт  кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ин ноҳияҳо бояд бетараф набошанд. Хуб мешуд масъулини ин ниҳод барои пешгирӣ ва рафъи мушкилоти ҷойдошта,  ҳадди ақал моҳе як маротиба ба маҳаллаҳо рафта, корҳои нозиротӣ ва фаҳмондадиҳӣ  мегузарониданд. Интизор хоҳем буд, то кадом андоза масъулин дар иҷрои вазифаи худ содиқанд ва барои бартараф намудани  ин мушкилӣ  чӣ чорае меандешанд ва мо низ дар гузоришҳои баъдӣ аз натиҷаи вокуниши масъулин  гузориш хоҳем дод.   

Наҷибулло Бурҳонов

радиои “Тоҷикистон”