Эмгузаронии кӯдакон зидди фалаҷ чаро зарур аст?

Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат ва пешгирӣ аз бемории сироятии фалаҷ  дар ҷумҳурӣ аз 31 май то 5 июн ва иловатан аз 28 июн то 3 июл маъракаи иммунизатсия бар зиди бемории фалаҷ гузаронида мешавад.

Тавре табиби оилавӣ аз маркази саломатии шаҳрии №13-и шаҳри Душанбе Рустам Қурбонализода дар суҳбат бо мо гуфт, фалаҷ бемории шадиди сироятӣ буда, барангезандаи он серотипи вируси фалаҷ ба ҳисоб меравад.  Ба ин намуди беморӣ танҳо одамон сироят меёбанд. Берун аз бадани инсон вирус қобилияташро гум карда, роҳҳои сироятёбии барангезандаи он аксари вақт аз одам ба одам бо роҳи фазлавӣ-даҳонӣ мегузарад.

“Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ пеш аз ҳама, дар  паст намудани сатҳи беморшавӣ аз рӯи бемориҳои сироятӣ бо роҳи ваксинаи идорашаванда арзёбӣ мешавад. Албатта, барои дар амал татбиқ намудани ин чорабинӣ, пеш аз ҳама Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодааст. Бо ин мақсад дар маркази шаҳрии саломатии №13 нақша-чорабинӣ тартиб дода шуда, айни ҳол корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии ҳудуди хизматрасонии марказ аз ҷониби шахси масъули ташаккули тарзи ҳаёти солим, табибони тиббӣ-оилавӣ, ҳамшираҳои тиббӣ – оилавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст, ки  то рӯзи оғози ин чорабинӣ идома меёбад. Инчунин, аз ҷониби табибони тиббӣ – оилавӣ, ҳамшираҳои тиб рӯйхати кӯдаконе, ки ба рӯзи миллии иммунизатсионӣ фаро гирифта мешавад, омода карда истодаанд”,- илова намуд мусоҳиби мо.

Ба таъкиди Рустам Қурбонализода мақсад аз гузаронидани маъракаи миллии  имунизатсия аз он иборат аст, ки кӯдак дар натиҷаи мубориза бурдан бо ваксинаи  ин беморӣ масуният пайдо карда,  дар оянда тавонад бо ҳамин вирус ё бактерияи дар баданаш воридгардида мубориза барад. Аммо, “ҳолатҳое мешавад, ки  баъзе падару модарон аз гирифтани ваксина дасткашӣ мекунанд, ки ин оқибати хуб надорад. Вақте онҳо кӯдакони худро ба боғча медиҳанд ё дар мактаб мегузоранд дар ин ҳолат эҳтимоли сироят ёфтани ин беморӣ мавҷуд аст.  Бемории фалаҷ бемории сироятӣ буда, ҳатто ба марг оварда мерасонад. Ё дар сурати дигар шахси бемор дар давоми умри худ маъюб мешавад. Аз сабабе, ки ин беморӣ дар кишварҳои Афғонистон ва  Покистон ба қайд гирифта шудааст, ҷумҳурии мо ба хулосае омад, ки ваксина бар зидди бемории фалаҷ дар байни кӯдакон ба роҳ монда шавад”. 

    Гуфта мешавад, ки давраи сироятёбӣ то саршавии фалаҷшавӣ  10 -12 рӯзро дар бар гирифта, вируси  он ба одамони масунияти сустдошта ба осонӣ мегузарад. Инчунин иммунизатсия дар хона хатари калон дошта, гузаронидани он дар шароити хона қатъиян манъ аст. Ба хотири ҳифзи саломатии кӯдакон, волидайнро зарур аст, ки нисбати тақдири фарзандони худ ва ҷомеа беаҳамиятӣ зоҳир нанамоянд, балки  дар маъракаи миллии эмгузаронӣ фаъолона иштирок намоянд.

Парвина Самандарзода,

 барои сомонаи Радиои “Тоҷикистон”