Имрӯз Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсянро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.
Қарор аст, ки дар 25-умин ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 19-ум ва 20-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, амният ва бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ёдовар мешавем, ки 12 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардида буд. Дар ин ҷаласа, қарорҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои узв ба имзо расида буданд, ки барои тақвияти ҳамкориҳо муҳим арзёбӣ мешуданд.
